Борони шадиду селҳо дар ноҳияҳои Ҷомиву Шаҳринав. Бартарафсозии паёмадҳои офат дар Хуросону Деваштич

Рӯзи 21-уми июни соли равон тахминан соатҳои  16:16 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Ифтихор, деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ  бар  асари боридани  боронҳои пуршиддат  ва  омадани сел  аз  кӯҳдоманҳо роҳи мошингарди самти шаҳри Бохтар-Уйлӣ – Ҷоми – Ёвон дар километри 77+600-м пурра  хароб гардида, ба ҳаракати  ҳамаи  намуди воситаҳои  нақлиёт  муваққатан  монеъ шуд.

Барои боз кардани роҳ ва таъмини ҳаракати нақлиёт  1-адад Мехлопата, 1-адад Экскватор, 2-адад мошини боркаши тамғаи Зил, 1-адад мошини боркаши тамғаи  “Дулан” сафарбар карда шуд.

Бо талоши раҳкушоён як қисми роҳ барои равуои мошинҳои сабукрав боз шуд.

Корҳои рафъи офати табиӣ идома доранд. 

Шаби 21 июни соли ҷорӣ тахминан соати 03:30 дақиқа дар ҳудуди   ноҳияи Шаҳринав бориши сахти борон ва раъду барқ ба қайд гирифта шуд. Бар асари боронҳои шадид сатҳи об дар селпартои деҳаи Аҷам баланд гардида, обу лойи аз обгузарҳо берун шуда, ба заминҳои наздиҳавлигӣ, манзилҳои истиқоматӣ, таҳхонаҳо ва хоҷагиҳои ёрирасони  сокинони ҷамоати деҳоти ба  номи А.Ҳасанов, деҳаи Аҷам ворид гардид.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, 1 адад автомашинаи махсуси сўхторхомушкунии ноҳия бо панҷ нафар кормандони касбӣ ва 2 адад помпаҳои обкашӣ, 55 нафар аҳолии ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанов бо як адад помпаи обкашӣ ва як адад экскватор аз идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия сафарбар гардида, аз соати 04:30 дақиқа корҳои бартарафсозии паёмадҳои офатро оғоз карданд ва дар айни замон идома дорад.

****    ****    ****

Ҳамчуноне хабар дода будем, рӯзи 20-уми июни соли 2022 соати 14:30 дақиқа, бинобар сабаби боришоти зиёд  дар ҷамоати деҳоти Ғалаобод, деҳаи Меҳнатобод аз минтақаи обгузари маҳаллаи Низомбои дараи Оқсу, минтақаи №1  сел омад.

Дар натиҷа зиёда ба 30 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, иншоотҳои ёрирасон, симтурҳо, хатҳои барқ, роҳҳои мошингузари байни деҳаҳо, қубурҳои обгузар ва насосҳои обкашонӣ зарар расид.

Дар иртибот ба ин ҳодиса аз дирӯз корҳои зерин анҷом шуданд:

--   комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон мавзеъи офатзадаро аз  назар  гузаронид ва асноди зарурӣ рӯзҳои наздик омода мешавад.

--  қубури  обгузари  обпарто  бо  дарозии  10-метр (қутраш 800-мм) тоза карда шуд ва ҳоло об бемамониат аз он мегузарад.

--  бо воситаи 1-адад автогрейдер, 2-адад мехлопата ва 2-адад мошини боркаш  роҳҳои байни деҳаҳо аз  лойқа тоза  карда шуд.

--    1-адад симчуби барқӣ, ки сел хароб карда буд, барқарор шуда, деҳа бо барқ таъмин гардид.

--  ба се хонаводае, ки манзилашонро сел вайрон карда буд, кумак расонда шуд, то шиферу тахтаву, дару тирезаи хонаҳояшон беосеб кандаву барои истифодаи дубора муносиб шавад.

--  барои бартараф  кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда аз Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон 12-нафар аз ташкилоту муассисаҳои ноҳия 130-нафар сафарбар карда  шудааст

Паёмадҳои сел дар деҳаҳои Басманда ва Метки ноҳияи Деваштич низ бартараф мешаванд. Дирӯз бо кумаки сокинон дар маҳаллҳои аз офати табби зарардидаи Чашма ва Остонаи деҳаи Басамандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо истифода аз 1-адад техникаи муҳандисӣ  наздики 900 метр роҳ аз қуму шағал ва лойоба тоза карда шудааст.

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

барчасп: