Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки ҷасади як ноболиғе дар канали Ҷайҳун пайдо шудааст, ки 8 рӯз пеш нопадид шуда буд.
Дар хабар омадааст, ки ин писарбача, ки сокини кӯчаи Мирзоқодирови шаҳри Бохтар буд, ҳамагӣ 9 сол дошт. Ӯ рӯзи 14-уми июни соли равон баъди соати 21:00 аз хона берун шуда, дигар барнагашт. Тӯли ин рӯзҳо кормандони ШКВД-и шаҳри Бохтар ӯро меҷустанд.
Билохира, рӯзи гузашта, 21-уми июн соати 10:50 дақиқа аз ШКВД шаҳри Бохтар ба Раёсати КҲФ дар бораи намудор шудани як ҷасади писарбача иттилоъ доданд. Кормандони наҷоти Раёсат ба зудӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд. Ҷасадро аз оби канали Ҷайҳун берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Сабаби ғарқ шудани писарбача маълум нест, волидонаш дар ин бора ҳеч изҳори назаре накардаанд.
**** **** ****
Ҳамчунин рӯзи 21-уми июни соли 2022 як духтари 19-сола, сокини кӯчаи Борбад, ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Левикант бо сабабҳои номаълум ашёҳои худ, аз ҷумла шиноснома, руймол ва пойафзолашро дар канали Сталин монда, худро ба оби канал сарозер кардааст.
Ҷустуҷӯи ҷасади номбурда аз ҷониби ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон тамоми рӯз идома дошт, вале натиҷа надод. Ҷустуҷӯ аз субҳи имрӯз аз сар гирифта шуд.
Сабаби даст ба худкушӣ задани духтари ҷавон маълум нест.