Гурги халтадор ва ё бабри тасмонӣ бо номи илмии Thylacinus cynocephalus (номи дуюмашро аз рахҳои бабрмонанди танаш гирифтааст) дар минтақаи Австралия калонтарин ҳайвони халтадор ҳисобида мешуд.
Замоне, ки аврупоиён дар Австралия пайдо шуданд, он танҳо дар ҷазираи Тасмания вуҷуд дошт. Дарозии бадани вай якҷо бо думаш то 180 см мерасид. Гурги халтадор бештар шабеҳи саг буд, вале монандии ғайричашмдоште ба кенгуру низ дошт: дар ҳоли таҳдиди хатар вай метавонист бо панҷаҳои ақибаш худро рост карда, аз ҷо ҷаҳад.
Гурги халтадор ба одамон ҳамла намекард, вале зидди сагон сагона меҷангид. Чусту чолок набуд. Вақте ба дашт мебаромад, ки шикор кунад, то замоне, ки сайди шоиста пайдо накунад, сахт метарсид, аммо қобилияти хуби давидан дошт ва метавонист соатҳо давад ва хаста нашавад, то даме, ки сайдашро хаставу зору аз пой наафтонад, медавиду медавид.
Инқироз ё нобудии и башар: оё ин имконпазир аст?
Инқироз ё нобудӣ дар таърихи олам
Бахти бабри тасмонӣ дар оғоз омад кард, чун аврупоиён онро хеле баъдҳо мушоҳида карданд. Танҳо соли 1824 аввалин маротиба ба чашм расид. Ва ба муҷарради мушоҳида кардан даст ба нобуд кардани он заданд. Бахусус, фермерҳо, ки аз сарнавишти баъдии гӯсфандони худ дар биму ҳарос буданд. Дар аввал ба назар мерасид ҳамин ҳам кофӣ буд, ки ин ҳайвон тадриҷан ба нестӣ расад, вале ҳукумати вақти Австралия ба ин ҳам қаноат накард ва соли 1888 ба сари ҳар куштаи гурги халтадор ҷоиза таъин намуд. Ҳукумат дар умум дар 2268 маврид одамонро барои хизматҳояшон ҷоиза дод ва охирин мукофот соли 1909 пардохт шуд. Танҳо соли 1938 ҳукумати Австралия ба худ омад ва қонуни ҳифзи гурги халтадорро қабул намуд. Ҷаримаи қатли як гурги халтадор 20 баробар бештар аз ҷоизаи пешин буд. Вале ин қонун замоне интишор ёфт, ки аллакай дер шуда буд.
Дар маълумоти расмӣ омадааст, ки охирин гурги халтадор соли 1936 дар яке аз боғҳои ҳайвоноти Тасмания ҳалок шуд. То соли 1982 низ гоҳ-гоҳе хабарҳо дар мавриди он ки дар ким-кадом гӯшаи дурафтодаи Тасмания ин намуди гургро вохӯрдаанд, ба гӯш мерасиданд. Вале аксари биологҳо бар ин назаранд, ки бабри Тасмания дигар вуҷуд надорад.