Рӯ ба илм. Инқироз ё нобудӣ дар таърихи олам

Илми муосир баъди таҳқиқу пажӯҳишҳои пайгирона давраҳоеро мушаххас кардааст. Аз ҷумла:

  • Рӯйдод ё ҳодисаи бузурги оксигенӣ, ки 2,45 миллиард сол пеш рух додаву қариб ҳамаи организмҳои анаэробӣ (микроб ё организмҳое, ки дар муҳити беоксиген инкишоф меёбанд) нобуд шуданд;
  • Рӯйдоди инқирози ордовик-силириан (анг. Ordovician–Silurian extinction event-сеюмин инқирози бузурги рӯи замин) , ки 440 миллион сол пеш рух дод ва беш аз 60% бемӯҳраҳои обӣ нобуд шуданд;
  • Инқирози девониан, ки 364 ва ба гуфтаи дигар 372 миллион сол пеш ба амал омад ва шумори ҷонварҳои обзӣ то 50% кам шуд;
  • Инқирози бузурги Перм (аҳди палеозой), ки 251,4 миллион сол пештар рух дод ва ба ҳадде фарогир буд, ки 95% организми зинда нобуд шуд;
  • Инқирози давраи Триас, ки 199,6 миллион сол пеш рух дод ва ҳаддиақал ниме аз организмҳои зиндае, ки имрӯз дар Замин дида мешаванд, нобуд шуданд;
  • Маргумири давраи Табошир, ки шаш миллион сол пеш шашумин ҳисса аз ҳар намуд, аз ҷумла динозаврҳоро нобуд сохт;
  • Даврае, ки онро Нуқтаи гардиши бузург меноманд ва он 33,9 миллион сол пеш иттифоқ уфтод ва таркиби олами ҳайвоноту набототи обу хушкиро тағйир дод. 
  • Маргумири давраи чаҳорум, ки 130 ҳазор сол пеш оғоз шуд ва то кунун идома дорад. Инқирози ин давра бештар ба фаъолияти инсон бастагӣ дорад ва дар ин давра беш аз дигар намудҳо ҳайвоноти азимҷусса ҷабри бештар диданду ҳоло ҳам мебинанд. 

 

ФОҶЕАИ ОХИРЗАМОНӢ Ё ҲАЛОКАТИ УМУМИҶАҲОНӢ

Фоҷеаи охирзамонӣ (анг. Global catastrophic risk) як рӯйдоди эҳтимолии оянда, ки метавонад дар як сатҳи ҷаҳонӣ ба саломатии инсон осеб расонад, ҳатто фалаҷ кардан ё нобуд кардани тамаддуни муосирро дар пай дошта бошад (Донишномаи озоди форсӣ)

Фоҷеаи охирзамонӣ – рӯйдодест, ки пурра ҳаёт дар рӯи Заминро нобуд мекунад ва ё иқтидору зарфиятҳои онро бебозгашт маҳдуд месозад (Дон. оз. русӣ)

 Ба фоҷеаи башарӣ ва ё ҷаҳонӣ метавон рӯйдодҳоеро ҳам шомил кард, ки басо бузурганд, вале чандон кушанда нестанд (ба мисли гриппи испаниёӣ ва ё КОВИД-19) ва ҳам рӯйдодҳое, ки куллан ба марги инсон ва қатъи ҳаёт дар рӯи Замин оварда мерасонанд.

Таърих ин гуна рӯйдодеро ҳоло ёд надорад, ки насли башарро аз Замин бардоштаву идомаи ҳаётро боздошта бошад. Вале атрофи ин масъала ҳатто аз замонҳои қадим ҳам гуфтугӯҳои зиёданд. Агар дар гузашта ин ҳама дар қолаби нақлу ривояту афсонаҳо баён мешуд ва камтар илм ба он руҷӯъ мекард, вале ҳоло нобудии эҳтимолии ҳаёт дар рӯи Замин як бахши муҳими паҳӯҳишҳои илмиро дар бар гирифтааст.

 

Фоҷеаҳои охирзамонӣ ва ё нобудии ҳаёт дар рӯи Замин метавонад табиӣ бошад ва ҳамчунин метавонад ба дасти инсон анҷом бигирад. Аз замони баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки ИМА дар шаҳрҳои Хиросима ва Нагасаткии Ҷопон ду бомби атомиро тарконд (ниг. ба Фоҷеаи Хиросима ва Нагасатки), сухан дар бораи дасти инсон дар нобудии олам ҳам зиёд шуд. Умқи ин фоҷеа ба ҳадде бузург буд, ки башарро ба ояндаи ҳузураш дар Замин нигарон кард. Бино ба арзёбии Бор худи таркиши бомбаи атомӣ метавонист детонатсияи (таркиши ягон моддаи тарканда бо таъсири зарбаи детонатор ё даргирифтани он) атмосфераро ба амал орад. Ҳар қадар илм пеш меравад ва техника рушд мекунад, хатарҳои нобудии Сайёра ба дасти инсон ҳам меафзоянд.

Донишмандон фалокату фоҷеаҳои зерини ҷаҳониро ин гуна пешбинӣ мекунанд:

  1. Фоҷеаҳои бузурги кайҳонӣ:
    1. Фурӯпошии халои метастабил;
    2. Инфиҷори партави гамма;
    3. Фаввораи вулканҳои басо бузург 
    4. Афтиши сайёрак (рӯйдоди бархӯрдӣ)
    5. Дурахши беш аз ҳадди Офтоб;
    6. Заъф ва гум шудани майдони магнитии Замин;  
    7. Тағйири навбатӣ дар қутбҳои магнитӣ;
    8. Сардии умумиҷаҳонӣ ба ҳадди яхбандии сайёра;
    9. Вайрон шудани озоносфера;
    10. Ҳамлаи кайҳонӣ ба замин аз ҷониби тамаддунҳои эҳтимолии берун аз Замин;    
    11. Вайрон шудани сайёра аз Сӯрохи Сиёҳ ва ё шикофҳои маснӯъӣ ва ё табиӣ. 
  2. Фоҷеаҳое, ки ба дасти инсон анҷом мешаванд
    1. Гарм шудани Замин бар асари партови газҳои гулхонаӣ ва дигар фаъолиятҳои ба он монанд. Аммо ин нуктаро ҳам бояд қайд кард, ки таърихи Замин солҳоеро ҳам ёд дорад, ки хеле гарм буданд, вале он сабабҳои сунъӣ надошт, дасти инсонӣ набуд, чун он замон ҳоло одам дар рӯи Замин пайдо нашуда буд.
    2. Иштибоҳҳое, ки аз тавлиди зеҳни маснӯъӣ ба вуҷуд меоянд, нонотехнология;
    3. Фоҷеаҳои биологӣ бар асари муҳандисии генетикӣ (як бахши дониши техникии усулҳо ва технологияи ба даст овардани РНК ва ДНК, ҷудо кардани генҳо аз организм), биотерроризм;
    4. Ҷанги ҳастаӣ, ки ба зимистони ҳастаӣ ва заҳролудии радиоактивии ҷаҳонӣ оварда мерасонад. 
    5. Таҷрибаҳои физикии ноком, бархӯрдиҳандаҳои дарунии бузург;
    6. Қасдан нобуд кардани қабати озонии Замин;
    7. Қасдан ба Замин кашондани сайёракҳо.