РӮ БА ИЛМ. ИНҚИРОЗ Ё НОБУДИИ И БАШАР: ОЁ ИН ИМКОНПАЗИР АСТ?

Ҳалокати инсон ва ё инқирози башар – як мулоҳизаи фарзии марги инсон аст, ки ба сабабҳои табиие чун зарбаи сайёракҳо (астероид) ё бархӯрди Замин бо ҷирмҳои дигари осмонӣ, вулқонҳои мудҳиш ва ё сабабҳои антропогенӣ: тағйири иқлим, ҷангҳои ҳастаӣ, ҷангҳои биологӣ, фоҷеаҳои экологӣ сурат мегирад

Донишмандон ҳоло ба ин назаранд, ки ҳалокати башар дар ояндаи наздик ба сабабҳои табиӣ имкон надорад. Инсонҳо ҳоло ба сурати густарда ва шароити муҳитии мухталиф дар рӯйи замин зиндагӣ доранд ва дар ҳар шароит мумкин аст тавонанд ба зиндагии худ идома диҳанд. Барои инқирози башар бояд, ки кулли Сайёраи Заминро барои зисту зиндагӣ номумкин кард, то дигар касе натавонад ба зиндагӣ идома диҳад. Инқирози мавҷудоти зиндаи Замин дар гузашта низ иттифоқ уфтодааст, вале он ҳамеша як масъалаи табиӣ будааст.

Инқирози башар ва инқирози ҳаёт дар рӯи Замин аз ҳам тафовут доранд. Ва байнии инқирози башар ва инқирози насли башар низ тафовутҳо вуҷуд доранд. Инқирози башар ба маънои нобудии кулли инсонҳост, аммо инқирози насли башар ба маънои нобудии насли инсонҳоест, ки ҳоло дар Замин зиндагӣ доранд.  

Иддае аз донишмандон ба ин назаранд, ки «Мо набояд аз мавҷудияти астероиди мушаххасе дар мадор дар ташвишу изтироб бошем, балки аз он нигарон бошем, ки дар ҳамаи системаҳои сайёравӣ сайёракҳо ба ҳадде зиёданд, ки эҳтимоли зинда мондани тамаддунро кам мекунанд. Мо набояд аз пайдо шудани ким-кадом ситораи нав дар ташвиш бошем, балки аз он нигарон бошем, ки ҳалокатбор будани мавҷудоти нав ба эътибор гирифта намешавад ва ба қадри кофӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор намегирад”. 

Фарзияҳои марги инсон зиёданд ва маъруфтарин пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар ин бора таҳқиқотҳо анҷом додаву сари чанд вақт натиҷаи пажӯҳишҳои худро расонаӣ ҳам кардаанд. Вале дар аксар маврид то ба имрӯз ин фарзияҳо исботи худро наёфтаанд ва дар шакли ҳамон фарзияи илмӣ боқӣ мондаанд. Аз ҷумла фарзияи ба охир расидани дунё, ки борҳо вақташ низ пешӯӣ шудааст, амалӣ нашуд.

Эҳтимолан Ҷон фон Нейман (риёзидон ва донишманди амрикоии маҷориасл буд, ки солҳои 1903 – 1957 зистаст) ҳақ набуд вақте мегуфт, ки ҷанги атомӣ ногузир аст, чуноне мебинем даҳсолаҳо мо дар зери таҳдиди оғози ҳамин ҷанги атомӣ зиндагӣ дорем ва давлатҳо низ аз оғози он худдорӣ мекунанд, чун ин гуна оғозҳо бар зарари худи онҳост. Шояд замоне, ки 1 ё 2 давлат дорои силоҳи атомӣ буданд, эҳтимоли ин ҷанг вуҷуд дошт, вале ҳоло қудратҳои атомӣ зиёданд ва онҳо дар ҳар қисмати кураи Замин вуҷуд доранд.

Аммо бояд ин нуктаро ҳам таъкид кунем, ки хатари ҷанги ҳастаӣ дар ҳақиқат вуҷуд дошт ва насли солҳои 1960-1970 бештар таҳти ҳамин таҳдиди хатар зиндагӣ доштанд. Вале баъдтар он лағв шуд ва ҷойи онро хатари терроризм ва ҳаросафканӣ гирифт ва баррасиҳои маргумири сартосарии инсон аз мадди назарҳо дур шуд.

Ник Бостром-сарвари Мактаби асри 21-и Ҷеймс Мартин “Муассисаи ояндаи башарият” тахмин мекунад, ки таҳлили хатарҳои маргумир як майдони аз назарҳо дуруфтодаи  таҳқиқот аст, зеро аввалан ин самту соҳаи дониш аз нигоҳи равонӣ ҳаловатовар нест. Аз сӯи дигар дар гузашта набудани рӯйдоди марги башар ҳар гуна арзёбиҳову натиҷаи таҳқиқотро коҳиш медиҳад ва камарзиш мекунад.

Даҳҳо ҳазор нафар дар гӯшаву канори олам бехатарии инсонро таҳлилу таҳқиқ мекунанд. Вале усулу шевае нест дақиқ шавад, ки оё онҳо вазифаи худро дуруст анҷом медиҳанд ва оё мешавад ба натиҷаи пажӯҳиши онҳо бовар кард ё на.

Ҳатто дар фарҳанг ҳам тасаввуроти маргумири башар билохира анҷоми хуш дорад ва инсон нобуд намешавад. Ягон 16 асари беҳтарин дар бораи Ҷанги сеюми ҷаҳон хотимаи ғамангез надорад, яъне дар ҳамаи ин асарҳо умед барои поянда мондани одам ва идомаи насл зинда аст.  

Он ки дар гузашта ҳиссаи бештари гунаҳои ҳайвоноти рӯи Замин билохира ба мавҷудияти худ ба сабабҳои гуногун поён доданд, донишмандонро водор мекунад сари ин нукта ҷиддан андешанд, ки саранҷом оқибати ин ҳама ҳастиҳо нестӣ аст ва гунаҳои имрӯзаро ҳам замоне хатари нобудӣ на танҳо таҳдид мекунад, балки амалан аз миён мераванд. Дар асре, ки зиндагӣ дорем нобудиро ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ба ҳадде, ки инсон худро водор мекунад барои боқӣ мондани наслҳои дигари камшуда чорандешӣ кунад.  Дейв Роп ва Ҷак Сепкоски мегӯянд як силсила маргумирҳоро дар 26 миллион соли охир кашф кардаанд, ки омилашон номуайян аст. Онҳо суръати маргумири пешинро ба асос мегиранд ва тахмин мекунанд, ки идоманокии мавҷудияти бемуҳраҳо 4-6 миллион сол ва муҳрадорон 2-4 миллион сол буда метавонад. Камтар аз ин пистондорону дигар ҳайвоноти бузургҷусса умр хоҳанд дид, чун онҳо дар ҳалқаи ғизое ҳаёт ба сар мебаранд, ки бештар ба тағйири муҳити атроф вобаста аст.  Далели муқобил дар ин ҷо ин аст, ки инсонҳо аз назари қобилиятҳои татбиқӣ ва технологӣ беназиранд, аз ин рӯ ин имкон пеш намеояд, ки дар бораи эҳтимоли ҳалокату нобудии башар дар мисоли маргумирҳои пешини намудҳо хулоса бароранд.  

Аз ин рӯ, донишмандоне чун Алберт Эйнштейн мегуфтанд, ки “Мо ба тафаккури комилан наве ниёз дорем, то башар зинда бимонад”. Одамон ба приметҳои дигар дар майлу рағбати худ ба хушунати байни намудҳо хеле монанданд. Ҷаред Даймонд дар китоби худ “Шимпанзеи сеюм” чунин арзёбӣ мекунад, ки 64% ҳамаи ҷомеаҳои шикорӣ ҳар ду сол дар амалиётҳои ҷангӣ ширкат кардаанд.

Аммо нобудии башар аз фаъолиятҳои худи одамон бештар имконпазир аст. Аз ин рӯ, имрӯз донишмандон ба чанд омиле барои нобудии инсон таъкид мекунанд. Аз ҷумла:  

  • Нобудии инсон ба василаи бомбҳои атомӣ.
  • Нобудии инсон аз омилҳои табиӣ ба мисли бадии обу ҳаво (замоне асри яхбандон буду имрӯз гарм шудани Замин) ё гирдбодҳои азим, вулканҳои фаъолу хеле бузург.
  • Авҷи бемориҳои ҳамагир, эпидемия ва пандемияҳо. Дар гузашта вабову тоуну нағзаку касалиҳои дигар ва имрӯз мо шоҳиди ҳамагирии коронавирус КОВИД-19 ҳастем.
  • Гуруснагӣ дар натиҷаи зиёд шудани аҳолии кураи Замин.
  • Паёмадҳои терроризм.
  • Фалокатҳову сактаҳо дар тағйири муҳити атроф.
  • Тағйири иқлим: гармоиши умумиҷаҳонӣ ва ё сард шудани Сайёра, ҷангалбурриҳои беҳадафу ҳадафнок, ифлосии муҳити атроф, ки боиси авҷи бемориҳои сироятӣ мешавад.
  • Бархӯрди сайёраки бузург бо Замин. Бархӯрди сайёракҳо бо қутри беш аз 5 километр ҳар 20 миллион сол як маротиба иттифоқ меуфтад. Аммо қувваи он садҳо баробар қавитар аз  бомби атомии мавҷуд аст. Чунин  бархӯрд метавонад як минтақаеро ба андозаи давлати Ҳоланд комилан аз миён барад. Гарду ғуборе, ки аз он ҳосил мешавад, метавонад Хуршедро бипӯшонад ва барои минтақа як зимистони сарду торикро фароҳам орад.
  • Нонотехнология. Густариши комёбиҳои техникаи атомӣ боиси осонии тавлиди силоҳҳои наву гуногун хоҳад шуд, зеро ки тавлид дар сатҳи атом барои шахсон ва гурӯҳҳо имконпазир шудааст. Хатари дигари истифода аз нонотехлогия барои тавлиди силоҳи атомӣ аст. Технология дар олам пеш меравад ва инсонҳо ва давлатҳое аз ин пешрафтҳои технологӣ сӯистифода мекунанд ва барои миллатҳои дигар ва ҳатто сокинони худашон хатарҳоеро тавлид мекунанд.
  • Бад идора кардани ҷаҳон. Яъне нотавонӣ дар ҳалли мушкили бузург, ки қобили ҳал аст ва ё ба вуҷуд овардани мушкилоти тоза ба болои мушкили мавҷуда. Масалан, кишваре фақиру нодор аст ва илова ба ин нодорӣ як ҳукумати нокоромад сари қудрат меояд, ки на мушкили фақру нодориро тавони ҳал дорад ва на сохтори мардумии идораи давлатро месозад. Яъне мушкил болои мушкил.

Таҳдидҳои дарозмӯҳлат:

Донишмандон як силсила омилҳои инқирози башарро чун таҳдидҳои дарозмуҳлат ном мебаранд:

  • Баъди 1,4 миллион сол ситораи Gliese 710 ба масофаи 0,3-0,6 соли нурӣ ба Замин наздик мешавад, ки ин метавонад боиси фалокати азим дар Абри оорт (абри курашакли системаи Офтоб, ки манбаи кометаҳои даврашон тӯлонӣ мебошад) шавад.  
  • Офтоб тадриҷан равшании худро афзоиш медиҳад: баъди  0,5—1 миллиард сол ҳаёт дар рӯйи Замин танҳо дар қутб имконпазир мешавад ва он ҳам барои микроорганизмҳои гармидӯст. Баъди 5 миллиард сол Офтоб ба марҳилаи як азимҷуссаи сурх медарояд ва қутри он то ба ҳадди мадори имрӯзаи замин мерасад ва Замин фурӯ бурда мешавад. Дар умум ин Замин муддати 100-200 миллион соли дигар барои зиндагӣ мувофиқ хоҳад монд. 
  • Агар инсон тавонад, ки баъди ба азимҷуссаи сухр табдил шудани Офтоб ҳам зинда бимонад, пас оянда хатар барои одам марги гармои Кайҳон (анг. Heat death of the universe – як назарияи қадимӣ дар бораи  саранҷоми Кайҳон) хоҳад буд. Ё худ сенарияи дигар, аз қабили Таркиши бузург ва ё сактаи Кайҳон бар асари Фишори бузург (Big Crunch - як сенарияи мумкин барои анҷоми  ҷаҳон аст). 
  • Эволютсия, такомул башар аз тариқи навгониҳои техникӣ рух медиҳад ва инсониятро ба нестӣ мерасонад.
  • Баъзе шореҳон аз қабили Ҳанс Моравек ба ин назаранд, ки инсоният саранҷом аз тариқи ҳуши маснӯъӣ ва ё дигар шаклҳои ҳаёти сунъӣ танг карда мешавад.
  • Марг дар натиҷаи оромона коҳиш ёфтани ҷамъият, насл. Ва агар дар асл ҳам ба вазъи демографии олам назар андозем, он ба самти марги ором ба соли 3000 ҳаракат дорад. Ҳатто файласуфи канадиёӣ Д.Э. Лесли мегӯяд агар коҳиши насл ба ҳадди имрӯзаи Олмон бошад, пас марги ором соли 2400 фаро мерасад. 

Ва боз баъзе омилҳои дигар.