Киштиҳои зери обрафтаи олам дар моҳҳои марти солҳои гуногун

Ин бахш ёде аз таърихи фоҷеаҳои башарист. Ҳаводисе, ки дар он одамон қурбон шуданд, киштиҳо бо ҳама бори гарони худ зери об рафтанд ва ё шикаставу пора шуданд. Дар таърихи башар ин гуна рӯйдодҳо хеле зиёд иттифоқ уфтодаанд. Аз чанде аз ин ҳаводис, ки моҳҳои марти солҳои гуногун рух додаанд, мухтасар ёд мекунем.

17 марти соли 1800 ҳангоми шино дар наздикии бандари Ливорно киштии бодбонии хати Британия бо номи “Малика Шарлота” (аввалин киштии флоти ҳарбии Британия, ки ба номи маликаи ин кишвар номгузорӣ шуда буд) оташ гирифт ва баъдан инфиҷор ёфт. Аз 859  сарнишини он 673 нафар ба ҳалокат расиданд.  

****    ****    ****

16 марти соли 1801 киштии флоти ҳарбӣ-баҳрии Британияи Кабир «Invincible» дучори садама шуд ва дар он наздик ба 400 нафар қурбон шуданд.

****    ****    ****

 24-уми  марти соли 1989 танкере, ки ба собиқ Exxon Shipping Company, капитан Ҷозеф Ҳейзлвуд тааллуқ дошт, ба Лонг-Бич (шаҳре дар шаҳристони Лос-Анҷелис, Калифорнияи Ҷанубӣ) ҳаракат кард ва дучори садама шуд, ки бар асари он ҳазорон метри мукааб нефти хом ба об рехт. Ин бузургтарин фоҷеаи ихроҷи нефт дар таърихи ИМА буд. Тибқи арзёбиҳои гуногун аз ин танкер аз 40,9 ҳазор то 120 ҳазор метри мукааб ва ё аз 257 то 750 ҳазор бушка нефт ихроҷ шуд. Соли 1989 ихроҷи нефт аз Exxon Valdez дар рӯйхати бузургтарин ихроҷи нефт дар таърихи башар дар ҷойи 54-ум қарор дода шуд.  

38 ҳазор даъвогарон даъво пешниҳод карданд. Соли 1994 додгоҳ ширкатро водор кард, ки 287 миллион доллари ИМА ҷубронпулӣ барои зарар ва 5 миллиард доллар чун ҷарима пардохт намояд. Ширкати Exxon ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурд ва пардохтҳои ҷаримавиро то 2,5 миллиард доллар коҳиш дод. Баъдан боз ба Додгоҳи олии ИМА шикоят кард ва моҳи июни соли 2008 пардохтҳои ҷаримавиро то 507,5 миллион доллар кам кард. 

Тибқи маълумоти соли 2010 ҳоло ҳам тахминан 98 метри мукааб нефти хоми ихроҷшуда аз ин танкер рег ва хоки Аляскаро ифлос мекунад. 

 

Таҳияи Б.Шафеъ

барчасп: