Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то рӯзи 29-уми декабри соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қаламрави ВМКБ хатари лағзиши тарма ҳифз мешавад.
Дар ҳам ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба мавзеъҳои тармарез худдорӣ кунанд, ба ғунучини ҳезум, шикор низ нараванд.
КҲФ аз кулли аҳолии кишвар, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, хоҳиш менамояд хеле ҳушёр ва бадиққат бошанд. Бахусус, фарзандони худро назорат кунанд, кӯдакон ва наврасонро танҳо нагузоранд, ки аз хонаву ҳавлӣ берун шаванд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар дар бораи вазъи роҳҳо хабардор шаванд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятиро риоя кунанд.
Риояи фосилаи байни мошинҳо гарави аслии сафари бехатару амн аст.
Бадиққат бошед, қоидаҳоро риоя кунед! Суръати ҳаракатро боло набаред ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наандозед!