Ҳодисаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд. Ҳалокати ронандаи 36-сола, ки натавонист мошинро идора кунад

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паёмадҳои ҳодисаи нақлиёти дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бартараф намуданд.

Ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд соати 17:20 дақиқаи рӯзи 26-уми декабри соли равон хабар расид, ки дар километри 115-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар наздикии деҳаи Чореи ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд садама рух додааст. 

Имдодгарони КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, диданд, ки мошини тамғаи «Opel Vectra», ки аз ҷониби як сокини 36-солаи ноҳияи Айнӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд ба ҷарӣ сарозер шудааст. Сабаби ин ҳодиса аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта мешавад.  

Бар асари ин ҳодиса ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба ҷарӣ поин шуданд ва бо истифода бо таҷҳизоти махсус ҷасади ронандаро аз дохили мошин берун ва боло оварданд ва ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба ронандагон муроҷиат мекунад: Дар чунин рӯзҳои сарду боронӣ ҷиддан ба қоидаҳои ҳаракат риоя кунанд.

Бо суръати баланд мошин рондан ҳамеша хатар дорад, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ.

Риояи қоидаҳои бехатарӣ ва орому оҳиста рафтан гарави бехатарӣ ва амнияти шумо ва ҳамсафарони шумост.

Фаромӯш накунед, ки дар хона шуморо фарзандону пайвандонатон интизоранд! 

барчасп: