24 декабри соли 2021 дар толори Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти бахшу шуъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ минтақаи Ҳисор дар соли 2021 гузаронида шуд.
Дар ҷаласаи мазкур сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита полковник Камолов Ҷамшед, сардори шуъбаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ капитан Маликмаҳмадов Фарухруз, сардорон, афсарони калон, афсарон ва мутахассисони бахшу шуъбаҳои КҲФ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар рафти ҷаласа натиҷагирӣ аз фаъолияти бахшу шуъбаҳо дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар соли 2021 ва масъалаҳои ҷорӣ, инчунин дастуру супоришҳо барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гаштанд.
Оид ба фаъолияти Шуъба ва Бахшҳои Кумита дар шаҳру ноҳияҳои дар соли 2021 ҳисоботҳо ва пешниҳодҳо шунида шуд. Сардорони Шуъба ва Бахшҳои Кумита дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (минтақаи Ҳисор) дар баромадҳои худ ҷиҳати иҷрои қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумита оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 ҳисобот дода, баён доштанд, ки ҳамаи чорабиниҳои нақшавӣ иҷро гардида, бандҳои дахлдори карорҳо ва нақшаҳои зикршуда таҳти назорати доимӣ қарор доранд.
Аз руи масъалаи дуюм сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита полковник Ҷ. Камолов баромад ва музокираҳоро шунида, барои фаъолияти минбаъда ба шуъба ва бахшҳои Кумита дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (минтақаи Ҳисор) дастуру супоришҳои мушаххас дода, бори дигар таваҷҷуҳӣ ҳозиринро ба иҷрои босифат ва саривақтии қарори ҷаласаи мазкур равона намуданд.