Ҷаласаи ҷамбастии фаъолияти хизматии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон баргузор шуд

24 декабри соли ҷорӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамбасти фаъолияти хизматии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он баргузор шуд, ки дар он муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Исозода С. иштирок намуд.

Дар ҷаласаи мазкур сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят суханронӣ карда, оиди иҷроиши қонуну қарорҳои амалкунанда дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва иҷроиши нақша чорабиниҳои асосии  мудофиаи гражданӣ дар соли 2021 ҳисобот доданд.

Дар охири маҷлис аз тарафи муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Исозода С. ва роҳбарияти Раёсат барои  бартараф намудани камбудиҳои ҷой дошта ва беҳтару хубтар фаъолият намудан, дар соли 2022  дастуру супоришҳо дода шуд.

 

М.Муйдинов