Машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ёвон

15 декабри соли ҷорӣ дар як машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ, ки зери унвони “Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ва омодагии зернизоми Низоми ягонаи ноҳия ҳангоми омадани сел ва эвакуатсияи аҳолӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов” гузашт, интиқоли аҳолии деҳаи Ширинчашма ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 аз минтақаи хавфнок ба ҷой бехавф - ба деҳаи Чарокчи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов сурат гирифт.

Тамрини мазкур ба хотири санҷиши омодагиҳо ба офатҳои табиии эҳтимолӣ тибқи барномаҳои қаблан тарҳрезишуда гузаронида мешаванд. 

Дар иҷрои ин амалҳо нақлиёти мусофиркаш истифода шуд. 

Дар машқи мукаммали мудофиаи граждании рӯзҳои 13-15 декабри соли 2021 дар ноҳияи Ёвон 980 нафар коргарон, хизматчиён, ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, аҳолӣ ва 34 адад техникаву механизмҳои махсус ҷалб гардиданд.

 

М.Муйдинов