То ба имрӯз дар саросари олам 148 миллиону 497 ҳазору 686 нафар ба вируси корона гирифтор шуданд. Шумори фавтидагон ба 3 миллиону 133 ҳазору 860 нафар расидааст.
Кишварҳое, ки мубталоёни бештар доранд:
ИМА— 32 867 837
Ҳинд — 17 625 735
Бразилия — 14 369 423
Фаронса —5503996
Русия — 4 771 372
Туркия — 4 667 281
Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус гуфт, ки нуҳумин ҳафта аст, ки шумори гирифторони коронавирус дар олам рӯ ба афзоиш дорад. “Шумори сироятёфтагон нуҳумин ҳафта аст, ки меафзояд ва ҳамзамон шумори фавтидагон низ тамоили чашмгирӣ рӯ ба афзоиш дорад”,-иқтибос овардааст ТААС аз суханони Гебрейесус. Вай ҳам чунин гуфтааст, ки зарфи як ҳафтаи охир дар олам ба ҳадде мубталоён ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, ки дар панҷ моҳи аввали ҳамагирӣ сабт гардида буд.
ИМА ва Британияи Кабир рӯзи душанбе ба Ҳинд аввалин ёриҳо худро дар мавриди таъмини ин кишвар бо перекурсорҳо барои тайёр кардани воксани зиди коронавирус ироа карданд. Наздик ба як ҳафта аст, ки сирояти шабонарӯзии коронавирус дар Ҳинд аз 300 ҳазор поин намеравад. Аз ҷумла, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Ҳинд беш аз 352 ҳазор гирифторон ба КОВИД-19 сабт шуданд.
Туркия аз 29-уми апрел дар саросари кишвар локдауни умумӣ эълон кард. Аз миёнаи моҳи ҷорӣ дар ин кишвар ҳар шабонарӯз беш аз 50 ҳазор гирифторони нав ба қайд гирифта мешавад ва рӯзи 16-уми апрел ин теъдод ба 63 ҳазор расида буд. Сар аз 29-уми апрел сокинон бояд дар хонаҳои худ бимонанд, агар барои берун рафтан сабаби узрноке надошта бошанд. Ҳамаи мактабҳо баста мешаванд ва таҳсил дар макотиб онлайн сурат мегирад. Нақлиёти ҷамъиятӣ танҳо то ним пур мешавад, равуо байни минтақаҳо низ танзим мешаваду маҳдуд.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 8803 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Рӯзе қабл ин рақам 8780 эълон шуда буд. Афзоиши сироят 0,18% гуфта мешавад.