Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 147 миллиону 871 ҳазору 380 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 188 573 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуда, аз ин беморӣ боз 4 799 нафар фавтиданд. Шумори ҷонбохтагон аз корона ба 3 миллиону 124 ҳазору 581 нафар расидааст.
ИМА зарфи як шабонарӯзи гузашта беш аз 9654 сироятшудаи нав ба коронавирусро ба қайд гирифт ва аз ин беморӣ 52 нафар фавтиданд.
Дар шаҳри Вилҳелмшавени Олмон, полис тафтишотро нисбати корманди Салиби Сурхи Олмон оғоз кард, ки ваксинаи BioNTech COVID-19-ро дар шаш маврид бо маҳлули дигар иваз кардааст.
Дар Британияи Кабир шабонарӯзи гузашта боз 1712 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Раёсати федералии тандурустии Швейтсария хабар дод, ки дар қаламрави ин кишвар аввалин штамми ҳиндуи коронавирус сабт шудааст.
Маҷористон воксани русии "Спутник V"-ро бехатартарин воксан аз коронавирус донист.
Президенти Ҷумҳурии Чех гуфтааст, ки аз тарҳи хариди воксани русии "Спутник V" барои истифода замоне пуштибонӣ хоҳад кард, ки дар кишвар камбуди воксанҳои ғарбӣ эҳсос шавад.
Нахуствазири Ҳинд Нарендра Моди гуфт, ки сокинон бояд ҳатман худро зидди коронавирус эм кунанд, чун ин кишвар ба як “тӯфони коронавирусӣ” рӯ ба рӯ шудааст. Чанд рӯз аст, ки дар Ҳинд дар як шабонарӯз то беш аз 300 ҳазор мубталои нав сабт мешавад.
Дар ҳамин ҳол Ҷо Байден-президенти ИМА гуфтааст, ки кишвараш барои муқобила бо коронавирус дар Ҳинд омодаи ҳар гуна кумакҳост.
Эрон мехоҳад як кишвари пешрав дар тавлиди воксани русии "Спутник V" дар қаламрави Ховари Миёна бошад.
Дар Арманистон шабонарӯзи гузашта 410 ҳодисаи мубтало шудан ба КОВИД-19 сабт шуд.
Молдова низ аз 241 сироятшудаи нав зарфи як шабонарӯзи гузашта хабар дод.
Дар Украина дар 24 соати гузашта 5062 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дар Белоруссия шаби гузашта 896 гирифтори нав ба коронавирусро ба қайд гирифтанд.
Шумори беморони нави КОВИД-19 дар Русия шаби гузашта 8780 нафар эълон шуд.
Дар Қазокистон шумори мубталоён ба коронавирус аз аввали ҳамагирӣ ба 878 067 расид.
Қирғизистон эълон кард, ки шаби гузашта 228 мубталои навро сабт кардааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 15 778 нафар зи дди коронавирус эм карда шуданд.
Тоҷикистон низоми вуруди шаҳрвандон аз Туркия ва Афғонистонро шадидтар кард. Касоне, ки аз ин ду кишвар ворид мешаванд, ҳатман бояд дар фурудгоҳи Душанбе дубора барои коронавирус тест супоранд. Ҳамчунин онҳо бояд як карантини серӯзаро то муайян шудани натиҷаи тест ба SARS-CoV-2 ҷиддан риоя намоянд.