Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 139 миллиону 721 ҳазору 479 нафар расидааст. Аз ин беморӣ 3 миллиону 357 нафар ҷон бохтанд. Шумори шифоёфтагон 118 миллиону 809 ҳазору 606 нафар эълон шудааст.
Дар ИМА зарфи шабонарӯзи гузашта 75 375 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Сафири Эрон дар Москав хабар дод, ки то охири тирамоҳ 6 миллион доза воксани русии Спутник аз Москав ба Теҳрон хоҳад расид.
Бразилия аз ифшои боз 73 174 мубталои нав ба КОВИД-19 хабар дод.
Ҳоло дар Олмон 20 ҳазор нафар сироятшуда муолиҷа мегиранд. 6,4 дарсади аҳолии эмшуда аллакай зидди ин беморӣ иммунитет ҳосил кардаанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Фаронса 43,5 ҳазор гирифтори нав сабт шуд ва дар ин муддат аз коронавирус 297 нафар фавтиданд.
Дар Британияи Кабир зарфи 24 соати сипаришуда 2672 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд ва 30 нафар аз COVID-19 ҷон бохтанд.
Сербистон аввалин кишвари аврупоие шуд, ки ба истеҳсоли воксани русии "Спутник V" дар қаламрави худ оғоз кард.
Роспотребнадзор пешниҳод кард, ки шаҳрвандони аз Туркия ва Танзания баргаштаро ду маротиба барои коронавирус санҷанд.
Омори рӯзонаи мубталоён ба корона дар Ҳинд аз 200 ҳазор гузашт ва омори рӯзонаи марг бар асари ин беморӣ низ дуюмин рӯз аст, ки аз 100 нафар боло рафт.
Русия хабар дод, ки дар қаламраваш бо 8 944 ҳодисаи сироят ба COVID-19-ро ошкор кардааст. Ҳодисаҳои нави сироят дар ҳамаи 83 минтақа ба қайд гирифта шуданд.
Дар Қазоқистон дар 24 соати сипаришуда 2641 ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус сабт гардид. Дар Олмаато 657, дар Нур-Султон 650, вилояти Олмаато 220 ва дар вилояти Қарғанда 202 нафар сироят шуданд.
Дар Ӯзбекистон шабонарӯзи гузашта 227 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шуд, ки 129 нафар дар шаҳри Тошканд, 42 нафар дар вилояти Тошканд, 25 нафар дар вилояти Самарқанд ва 8 тан дар вилояти Бухоро мебошад.