Коронавирус давомнокии умри сокинонро дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2020 кутоҳ кардааст. Ин ҳолат бештар дар Испания (-1,6 сол), Булғористон (-1,5 сол), Литва, Лаҳистон ва Руминия (-1,4 солӣ) мушоҳида шудааст.
Дар ИМА зарфи як шабонрарӯзи гузашта беш аз 61 775 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шудааст.
Дар Бразилия дар 24 соати сипаришуда 4 195 нафар бар асари коронавирус ҷон бохтаанд, ки ин ҳадди рекордӣ аз оғози ҳамагирӣ дар ин кишвар ба ҳисоб меравад. Дар қаламрави ин кишвар дар шабонарӯзи гузашта 87 ҳазор мубталои нав ба қайд гирифта шудааст.
Дар Фаронса ҳафт сокини як хонаи солмандони коммунаи Марколсайм ба COVID-19 сироят шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамаи онҳо пеш аз ин зидди коронавирус эм карда шуда буданд.
Британияи Кабир аз ифшои 2763 гирифтори нав ва марги 45 нафар дар шабонарӯзи гузашта аз COVID-19 хабар дод.
Дар Эрон марҳилаи аввали истеҳсоли воксани ватанӣ аз коронавирус таҳти унвони Cov-Iran Barekat бо муваффақият ба анҷом расид.
Дар Литва пулис зидди аз ҷониби ҳукумат рад шудани эмкунии афзалиятнок эътироз кардааст.
Дар Русия зарфи 24 соати гузашта 8294 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, суръати рушд 0,18 дарсад боқӣ мондааст.
Қазоқистон гуфт, ки боз 2080 мубталои навро шиносоӣ кардааст. Бештар дар шаҳрҳои Олмаато — 620, Нур-Султон — 372, вилоятҳои Олмаато — 280 ва Атираус — 102 гирифторони нав сабт шудаанд.
Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта 161ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 сабт шуда, шумори умумии гирифторон аз аввали ҳамагирӣ ба 89 438 нафар расидааст.
То имрӯз дар Ӯзбекистон 49 602 нафар вояи аввали воксан зидди коронавирусро гирифтаанд. Эмкунии аҳолии Ӯзбекистон аз 1-уми апрел оғоз шуд. То имрӯз дар шаҳрҳоии Тошканд 9390, Самарқанд 6334, Андиҷон 4962, вилоятҳои Тошканд 4984, Намангон 4789 нафар худро эм кардаанд.
Дар Тоҷикистон эмкунии сартосарӣ аз 23-уми моҳи март оғоз шуда буд.