Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бори дигар аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват намуд, ки барои механизми ҷаҳонии тақсими воксан COVAX 10 миллион доза ҷудо кунад. Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 224 ҳазору 462 нафар гирифторон ба вируси корона ба қайд гирифта шуданд ва шумори марги шабонарӯзӣ аз ин беморӣ 6 ҳазору 374 нафар эълон шуд. Аз оғози ҳамагирӣ дар олам 130 миллиону 206 ҳазору 710 нафар олудаи ин вирус шуданд ва 2 миллиону 840 ҳазору 729 нафар ҷон бохтанд.
Донишмандони амрикоӣ таҳқиқ карданд, ки воксани Pfizer/BioNTech зидди штамми африқоиҷанубии КОВИД-19 муассир аст.
Чили марзи худро ба сабаби авҷи нави COVID-19 ва вазъи ногувор дар ин кишвар аз 5 то 30-уми апрел мебандад. Танҳо хориҷиёне, ки ҳақи иқомат дарёфт кардаанд, метавонад ворид шаванд.
Президенти Фаронса Эмманюэл Макрон эълон кард, ки дар доираи тадбирҳои нави зиддикоронаӣ кулли мактабҳои кишвар муддати се ҳафта баста мешаванд. Аз ҳафтаи оянда ҳамаи мактаббачагон ба низоми таҳсили фосилавӣ хоҳанд гузашт.
Дар Лаҳистон шабонарӯзи гузашта 35 ҳодисаи нави сироят ба SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шуд.
Миср аз ширкати AstraZeneca 854 400 доза воксан дарёфт кард.
Дар Украина шумори гирифторон ба коронавирус ва марг бар асари он меафзояд.
Қазоқистон гуфт, ки 33% катҳои муолиҷаи бемориҳои уфунии ин кишвар барои табобати гирифторон ба КОВИД-19 банд шудаанд.
Новобаста аз бад шудани вазъи эпидемиологӣ ҳукуматдорони Қирғизистон намехоҳанд маҳдудятҳое назири соли 2020 дар мубориза бо коронавирус ҷорӣ кунанд.
Наздик ба 44% сокинони Ӯзбекистон ният надоранд худро ба муқобили коронавирус эм кунанд. Дар ин бора рӯзи якуми апрел чунбиши мардумии “Юксалиш” хабар дод.