Садама ва ё ғарқи об шудани киштиҳо аз ҷумлаи пурфоҷеатарин рӯйдодҳои оламанд. Киштиҳо маъмулан миёни баҳру уқёнусҳо бар асари тӯфонҳои азиму печида ва ё ҳаводиси дигари табиӣ ба қаъри об мераванд. Дар аксар мавридҳо шумори азими мусофирону ҳайати хадама наҷот намеёбанд. Ҳолатҳое ҳам зиёданд, ки ҳатто намешавад ҷасадҳоро пайдо ва берун овард. Моҳи апрел дар тӯли таърихи башар киштиҳои зиёдеро медонад, ки ба об фурӯ рафтаву одамони зиёде қурбон шудаанд.
1822
21 апрел 18,умин заврақи бодбонии «Confiance» дар наздикии соҳилҳои графигарии Корки Ирландия ғарқ шуд, ҳамаи 120 сарнишини он ба ҳалокат расиданд.
1832
12 апрел дарёгарди чархии амрикоӣ «Brandyvane» дар Миссисипи оташ гирифт ва 260 нафар ҳалок гаштанд.
1847
14 апрел киштии британиёии “Клеопатра”, ки бадарғашудагонро аз Мумбай ба Сингапур интиқол медод, ҳангоми тундбоди (сиклони) тропикӣ бо 250 нафар дар об ғарқ шуд.
28 апрел киштии бодбонии британиёи «Exmouth» ҳангоми ҳаракат аз Лондондерри ба самти Квебек дучори фоҷеа шуд ва 248 нафар ҷон бохтанд. Аз ин мусибат танҳо ба се нафар мяссар шуд, ки ҷон ба саломат баранд.
1854
16 апрел киштии бодбондори «Powhattan», ки аз бандари Гавра (бандаре дар Нормандия ) ба Ню-Йорк равон буд, дар наздикии соҳилҳои Иёлоти Муттаҳида ба сахра бархӯрд ва бо 311 мусофираш ғарқ гардид.
29 апрел ду киштии бодбонӣ - «Favourite» (Олмон) ва «Hespera» (ИМА) ба ҳам бархӯрданд. Киштии олмонӣ бо 201 мусофираш ғарқ шуд.
1859
27 апрел ҳангоми сафар аз Ливерпул ба Ню-Йорк киштии бодбонии амрикоии «Pomona» дар тунукобҳои наздикии Ирландия бо 388 мусофир ва маллоҳон ғарқ шуд.
1863
27 апрел дар сахраҳои наздикии димоғаи Рейс бар асари тумани ғафс киштии мусофирбари «Anglo Saxon» дучори фалокат шуд ва 237 нафар ҳалок шуданд.
1865
27 апрел дар дарёи Миссисипи, наздикии Мемфиса дар натиҷаи таркиши деги буғ киштии чархии “Султоно”, ки сарбозони озодшудаи шимолиро интиқол медод, ғарқи об шуд. 1653 нафар ҳалок шуданд, 741 нафар ҷони худро наҷот доданд. Ҳудудан 70 нафар аз ҷумлаи зиндамондагон хеле ба зудӣ тарки олам карданд. Ин фалокати баҳрӣ то кунун ҳам яке аз пурқурбонитарин садамаи киштиҳо дар обҳост. Ин киштӣ соли 1863 бо дарозии 79 метр (260 фут) сохта шуда буд.
1873
1 апреля бар асари иштибоҳ дар як навоварӣ дар наздикии Шотландияи Нав киштии мусофирбари «RMS Atlantic» дар сахраҳои зериобӣ бармехурад ва 547 мусофир ва маллоҳони он ҷон медиҳанд.
1881
26 апрел киштии британиёии «Дотерел», ки дар бандари чилиёии Пунта-Аренас лангар андохта буд, дар натиҷаи таркиши захираи борут дар об ғарқ шуд. Танҳо дуҷин некбахтону саодатмандон аз миёни 155 бошандаи ин киштӣ ҷон ба саломат бурданд.
Зимнан дар бораи истилоҳи дуҷин. Ин калима решаи фаронсавӣ (dozen) дорад ва аз фаронсавӣ ба адабиёти умумии ҷаҳон ворид шудааст. Як шумориш дар забони фаронсавии куҳан будааст, ки ба сурати douzaine навишта мешудааст. Аммо ҳамин вожа низ решаи ҳиндуаврупоӣ дорад. Дар забони лотинӣ duodecim (duo — «ду» ва decim — «даҳ»). будааст ва решаи муштарак ба адади дувоздаҳ дар форсӣ-тоҷикӣ дорад. Дар хабари боло метавон хонд, ки 12 некбахт дар ин фоҷеа зинда мондаанд.
29 апрел киштии Зеландияи Нав «Тараруа» бо 131 нафар ба қаъри об рафт.
1884
18 апрел дар наздикии соҳилҳои Ирландия ду киштӣ: барк «Pomena» (Англия) ва «State of Florida» (ИМА) ба ҳам бархӯрданд. Ҳарду киштӣ баъди як зарбаи шадид ғарқ шуданд ва 150 нафар ба ҳалокат расиданд.
1891
22 апрел таркиши борут дар киштии «Blanco Encalada», мансуб ба Флоти баҳрии Чили сабабгори марги бештар аз 200 сарбози Чилӣ шуд.
1896
30 апрел дар роҳ аз Шоҳой ба Ҳонкоу кишти ибританиёии «On wo» бо киштии «Newchwang» бархӯрд ва ба қаъри об рафт. Дар ин фоҷеа наздик ба 250 тан ҳалок шуданд.
МАТЛАБИ ҲАМСОН:
Саҳфаҳои таърих. Садамаи киштиҳо дар моҳи марти солҳои гуногун