Барои пурра аз баррасиҳо дур андохтани фарзияи “дастсохт” будани вируси КОВИД-19 бояд як таҳқиқоти фарогиру ҳамаҷониба гузаронида шавад, гуфт сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустб Тедрос Адханом Гебрейесус.
Шабонарӯзи гузашта дар олам 294 824 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва шумори умуми мубталоён ба 129 миллиону 514 ҳазору 920 нафар расид.
Дар ИМА зарфи як шабонарӯз 61 240 гирифтори нав сабт шуд.
Бразилия аз сирояти боз 90 638 нафар ба кооронавируси SARS-CoV-2 хабар дод.
Дар Лаҳистон зарфи 24 соати охир 32 874 ба SARS-CoV-2 мубтало гаштанд. Ин дуюмин нишондиҳанда дар кишвар аз аввали пандемия мебошад.
Британия Кабир гуфт, ки шабонарӯзи сипаришуда 4052 ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро сабт кардааст.
Дар пойтахти Украина шаҳри Киев карантини шадид эълон шуд.
Русия аз сирояти боз 8275 нафар ба COVID-19 хабар дод. Гуфта мешавад, ки мубталоёни нав дар 85 минтақаи ин кишвар ба қайд гирифта шуданд.
Дар Қазоқистон дар ин 24 соати гузашта боз 1663 ҳодисаи сироят ба коронавирус сабт шудааст. Дар миёни минтақаҳо бештар дар Олмаато – 526 ва Нур-Султон – 356 нафар ба қайд гирифта шудаанд.
Ӯзбекистон аз сирояти 187 нафар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Мубталдоёни нав бештар дар шаҳри Тошканд – 110, вилояти Тошканд – 32 ва вилояти самарқанд – 18 нафар ба қайд гирифта шуданд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хост “баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён ҳар як шахси ватандӯсти оқил, дар навбати аввал шахсони калонсол бояд дар нуқтаҳои махсуси тиббӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудаанд, бетаъхир, таъҷилан аз эмгузаронӣ (ваксинатся) гузаранд.
Эмгузаронӣ (ваксинатсия) ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат аст. Агар ба ин масъала бепарвоӣ намоем, оқибати ногувор дорад”, - омадааст дар муроҷиатномаи ин ниҳод.
МУРОҶИАТНОМАИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР