Конфронси илмӣ-амалии пешгирии коронавирус дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бо мақсади иҷрои нақшаи кории Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак оид ба пешгирии ин беморӣ, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист конфронси илмӣ ва амалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс 27 нафар намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, вазоратҳо, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат варзиданд.

 Дар конфронс маърӯзаи «Уфунати коронавирусӣ. Роҳҳои пешгирӣ аз сирояти он» рӯнамоӣ шуд. Намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хронологияи авҷи сирояти коронавирус дар қаламрави кишвари мо марӯза карданд.

Намояндагони КҲФ ҳароҳ бо намояндагони Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист дар бораи корҳои профилактикии роҳандозишуда дар ин самт дар тӯли қариб як сол маълумот доданд.  

Дар поёни нишаст тарҳи амалҳои муштарак дар мубориза ба густариши минбаъдаи коронавирус қабул карда шуданд. 

барчасп: