Бегоҳии рӯзи 23 декабри соли 2020, соати 18:05 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки як мошини тамғаи ВАЗ 21015 бо сабабҳои номаълум дар канале, ки дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Душанбе ҷорист, сарозер шудааст.
Соати 18:07 наҷотбахшони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Онҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсус бо ширкати нозири минтақави Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сино соати 20:03 дақиқа мошинро аз канал берун кашиданд ва ба соҳибаш супурданд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат бо воситаҳои техникӣ хеле эҳтиёткор бошанд ва мошинҳои худро дар минтақаҳои хавфнок ва хатарзо нагузоранд.
Риояи чораҳои бехатарӣ гарави амнияти шахсӣ ва мошинҳои шумост!