Тармаи аввалини ин зимистон дар роҳи Хоруғ – Мурғоб сарозер шуд

Рӯзи 21 декабри соли равон тақрибан соати  04:00 дақиқа, дар километри 619 шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб, мавзеи Ригувеф  деҳаи Манем ва   километри 622 мавзеи Шошак деҳаи Барсеми ҷамоати деҳоти Сучон ноҳияи Шуғнон тарма ҳаракати мошинҳоро муваққатан қатъ кард. Ин аввалин хабари лағзиши тарма дар остонаи зимистони соли ҷорӣ буд.

Ба ҷои ҳодиса аз тарафи МДНРА-и ноҳияи Шуғнон 1-адад техникаи муҳандисӣ сафарбар гардида, соати 08:30 дақиқа, самти роҳ  пурра аз тарма тоза гардида, ҳаракати нақлиёт барқарор  гардид.

Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон кулли шоҳроҳҳову роҳҳои кишвар бозанд ва умшкили ҳаракати мошинҳо нест.

барчасп: