Ҷаласаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар мавзӯи: «Тадбирҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар сатҳи вилоятҳо ва минтақаҳоабақҳои омӯхта дар заминаи сирояти коронавируси COVID-19»  як ҷаласаи дурӯзаи таълимию методӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардорони шӯъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсатҳо ва шӯъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ВМКБ, вилоятҳо, минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Дар сухани муқаддимавии худ полковник Ҷамшед Камолов – сарвари Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита аҳамияти банақшагирӣ ва татбиқи чораҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудро, аз ҷумла омодагӣ ба давраи зимистон ва баҳор, омода намудани қувваҳо ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатӣ, ташкили захираҳои моддӣ барои ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолиро зикр намуд. 

Дар ҷараёни мулоқот ба иштирокчиён дар бораи тартиби муайян кардани хисороти офатҳои табиӣ, таҷрибаи рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон, дар бораи нақш ва вазифаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, фаъолияти комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар давраи ҳамагирии коронавирус ва таҷрибаи гузаронидани корҳои зиддиуфунӣ дар шароити ҳамагирии КОВИД-19, дар бораи ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019 – 2020 дар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, истифодаи дастгоҳи ташхисии “Стрела-П, дар мавриди меъёрҳо ва қоидаҳои зидди жола ва ғайра маълумот дода шуд.

Онҳо инчунин масъалаҳои омодагӣ ба офатҳои табииро дар фасли зимистон ва баҳор ва ташкили захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, тартиби кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хатарноки табиӣ ва фаъолсозии комиссияҳои эвакуатсияро баррасӣ карданд.

Дар охири чорабинӣ иштирокдорон пешниҳод намуданд, ки мубодилаи таҷриба дар самти банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар маҳалҳо, инчунин омӯзонидани мутахассисон дар барномаҳои инфиродӣ дар доираи Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ташкил карда шавад.

барчасп: