10 декабри соли 2020, дар бинои Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа дар мавриди анҷоми лоиҳаи «Механизми такмили сиёсати коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ» баргузор гардид. Тақвияти системаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон», ки онро КҲФ ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар соли 2016 имзо кардаанд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон амалӣ карда шуд.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ширкат варзид.
Дар ҷаласа ҳисоботи натиҷаҳои лоиҳаи муштарак шунида, оид ба таҷрибаи андӯхта ва қадамҳои минбаъда дар оянда ибрози андеша карда шуд.
Роҳбари КҲФ аз лоиҳа ситоиш кард ва зикр намуд, ки ба шарофати татбиқи талошҳои муштарак дар кишвар шумораи офатҳои табиӣ коҳиш ёфта, дар таҳияи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 кумак расонида шуд ва кори Платформаи Миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо тақвият дода шуд.
Сарвари идораи наҷоти кишвар дар доираи татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030 пешниҳод намуд, ки ин лоиҳа дар соли 2021 низ идома дода шавад.
Дар ҷаласа Намояндаи доимии Намояндагии Барномаи Рушти СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта ва дигар роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат карданд.