Тамринҳои Shakeout дар Суғд. Омодагӣ ба ҳар зилзилаи эҳтимолӣ

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳамкории Бахши Агентии Оғохон оид ба Макони зист машварат -тренинги дастурдиҳӣ ба хотири огоҳонӣ аз офатҳои фалокатовари заминларза ва пешгирии авҷи бемории сироятии Коронавирус (СOVID-19) баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардорони шўъба ва бахшҳои Раёсати вилоят дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни машварат намояндагони Бахши Агентии Оғохон оид ба Макони зист доир ба заминларзаҳои гуногуншиддат, ки вақтҳои охир ба қайд гирифта шудаанд, инчунин роҳҳои пешгирӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми рух додани офати табиӣ, расонидани ёрии аввалин ба осебдидагону ҷароҳатбардоштагонро фаҳмониданд.  Сардори  шӯъбаи кор марказҳои таълими-методии вилоятҳо ва курсҳои минтақавии Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои  фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник  Маҳмадтоҳир Гадоев доир ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (СOVID-19) ва идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва ҷалби қувва ва воситаҳои низоми ягонаи давлатии пешгирии рафъи ҳолатҳои фавқулодаро бо пешниҳоди слайдҳо, видеороликҳо таҳлил намуд.

 Shakeout (Шейк аут) машқи омўзишиест, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҷиҳати омодагӣ ба заминларза ва ҳифз намудани хонандагону шаҳрвандон гузаронида мешавад. Ин усулро олимон ҳамчун беҳтарин восита ҳангоми рух додани заминларза тавсия менамоянд.

Дар поёни машварат барои иштирокдорон маводҳои омўзишӣ дар шакли электронӣ ва ҳам чопӣ, бо теъдоди 3000 адад китобчаҳо, зиёда аз 5000 адад плакатхо тақсим намуданд. 

Гуфтанист, ки аёниятҳои мазкур бо маблағгузории Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳам  Бахши Агентии Оғохон оид ба Макони зист таҳия ва чоп шудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки барномаи Шейк аут ташаббуси умумиҷаҳонӣ буда, дар Калифорния соли 2008 оғоз ёфтааст ва ҳамасола дар саросари ҷаҳон миллионҳо одамон дар тамрини он иштирок мекунанд.

 

Шаҳзодахон Нуриддинзода