Дар асоси банди 4 қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2020 гузаронидани ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷаласаҳои шаҳри ву ноявии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.
Чунончӣ, таҳти раёсати Ҷониши Раиси КҲФ, полковник М.Салимзода ва ширкати роҳбарони сарраёсатҳо ва раёсатҳои КҲФ, сарварони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кушониён ва Қубодиёни вилояти Хатлон ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласаҳо иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 "Дар бораи чораҳои омодасозии объектҳои соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони 2020-2021" баррасӣ шуданд.
Ҳисоботи шахсони масъули ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳам мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи корҳои анҷомдода шунида шуд.
Инчунин масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи баҳори соли 2021 -ро муҳокима карданд.
Дар охири ҷаласаҳо натиҷаҳо ҷамъбаст карда шуда, ба роҳбарон ва намояндагони хадамоти гуногуни вилоят барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Гуфтанист, ки то охири соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулода баргузор мешаванд.