Рӯзи 29 ноябри соли равон аз тариқи радиои “Озодӣ” гузорише бо номи “"Баҳовуддин дар артиш аз гап задан монд". Волидонаш гуфтанд, дар гулӯяш оби ҷӯш рехтаанд, мақомот рад мекунанд” пахш ва баъдан дар сомонаи он интишор ёфт, ки то ҳадде як матлаби осемасарона ва бидуни хулосаи санҷиши тиббӣ буд.
Дар мақолаи ёдшуда омадааст: Волидони як сарбоз дар Тоҷикистон иддао доранд, ки пас аз ним моҳи даъват ба артиш фарзандашон "аз гап задан мондааст" ва дар ҳолати вазнин ӯро дар Беморхонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ кардаанд”. Бино ба суханони волидон Баҳувуддин Юсупови 26-сола қобилияти сухан гуфтанро аз даст дод ва дар ҳолати вазнин қарор дорад. Бино ба гуфтаи падараш, вай дар сару рӯи писараш нишонаҳои зарбу латро дидааст. Падар меӯяд: “Лабҳои писарам сиёҳ шуда буд. Вақте пиёлаи оби ҷушро тарафаш бурдам, тарсид ва ишора кард, ки обро дур кунем. Сахт аз оби ҷуш метарсад. Тамоман гап намезанад ва вақте пурсидам, ки чӣ гап шудааст, фақат ишора кард, ки сараш осеб дидааст ва ба тарафи ҳалқаш ишора кард”.
Ин мард аз шарҳи бештари қазияи писараш худдорӣ кард. Меҳрубон Юсупов, бародари ин сарбоз, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, иддао кард, ки бародарашро лату куб кардаанд. Бино ба гуфтаи ӯ ба вай расондаанд, ки бародарашро латукӯб кардаанд ва ба даҳонаш оби ҷӯш рехтаанд”.
Тафтиши аввалия нишон дод, ки маълумоти дар мақола овардашуда аз воқеъият дур аст.
Сарбози қаторӣ Баҳовуддин Юсупов соли таваллудаш 1 июни соли 1994, сокини деҳаи Чапаеви ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон моҳи октябри соли 2020 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссариати ҳарбии ноҳияи Хуросон даъват шуда буд.
Аз 28 октябри соли 2020 вай дар қисми ҳарбии мустақар дар ноҳияи Шаҳринав адои хизмат мекард ва аз сардардӣ шикоят дошт ва барои муайяну мушаххас кардани дараҷаи бемории ӯ ба бемористони ҳарбии КҲФ воқеъ дар шаҳри Душанбе интиқол дода шуда буд.
Дар вақти санҷиши тиббӣ дар Бемористони ҳарбии КҲФ, 28 окттябри соли 2020 (ин нукта дар таърихи касалии вай сабт шудааст) дар бадани сарбози қаторӣ Юсупов Б. нишонаҳои ҷароҳат ва зарбу лат дида нашуд. Сарбоз Юсупов Б. ба ҳама суолҳои духтурон пурра посух дода буд.
Электроэнсефалограммаи мағи сари сарбози қаторӣ Юсупов Б. гузаронида шуд, ки ягон осеберо ҳам нишон надод. Гузашта аз ин сарбоз дар мавриди иллат дар гулӯяш шикоят накарда буд.
29 октябри соли 2020, баъди он ки ҳолати ҷунунӣ ва рафтори номуносиби сарбоз идома кард, номбурда бо тавсияи равоншинос-мушовири даъватшуда ба Бемористони ҷумҳуриявии касалиҳои равонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ интиқол дода шуд ва дар айни замон он ҷо мавриди таҳқиқу ташхис қарор гирифтааст.
Маврид ба зикр аст, ки сарбози қаторӣ Б.Юсупов соли 2014 тибқи моддаи 237 Кодекси ҷиноии ҶТ (авбошӣ) қисми 2, бандҳои “б” ва “д” маҳкум шуда буд.
Дар айни замон кормандони прокуратураи ҳарбӣ ба тафтишот оғоз кардаанд.
Ҳамин тариқ, қазияи сарбози қаторӣ бидуни санҷиши зарурӣ ва санади тиббӣ осемасарона чоп шудааст. Баъди анҷоми тафтишот маълумоти муфассал ба ВАО пешниҳод хоҳад шуд.