Наҷоти як гурбаи хурдакаке, ки болои айвони хона дармонда буд

9 ноябри соли 2020 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар болои пешайвони хонааш гурбаи ӯ дармондаву наметавонад поин ояд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ин ҳайвони рамидаву тарсидаро поин оварданд ва ба бонуи хона, ки хеле изтироб ҳам дошт, супурданд.

Гурбаи наҷотёфта ба кум аки байтор ниёз надошт. 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН