Наҷоти гирифторон, раҳоии одамон аз банди фалокатҳо ва ғайра аз шуғли ҳамешагии корманадони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон будаву ҳаст. Даҳҳо нафар моҳе аз гирдоби обу сел, ҷариву пастиву баландиҳо наҷот дода мешаванд. Аммо расидан ба имдоди саге, ки дар баландии 250 метр боло рафтаву имконе надорад поин ояд, барои имдодгарон як ҳодисаи нодир аст.
Ин ҳодиса имрӯз рух дод. 8 майи соли равон дар километри 39-уми роҳи Душанбе-Варзоб дар як шохи дарахте, ки дар 250 метр баланди рӯидааст, саге дармондааст.
Баробари расидани хабар имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо истифода аз дастгоҳи куҳгардӣ то ба назди саг худро расонданд ва ин ҳайвони дармондаро наҷот доданд. Аз боло то ба поён фароварданд ва дар замин раҳо намуданд.