Боз як модар худ ва фарзандашро ба дарё афканд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Азизонатонро эҳтиёт кунед!

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар боз як ҳодисаи нохӯшу фоҷеабор - худкушӣ бо фарзанд ба қайд гирифта шуд. Баъд аз зуҳри рӯзи 27-уми сентябри соли 2020 як сокини 31-солаи ноҳияи Ёвон бо духтарчаи 9-солааш худро ба дарёи Вахш сарозер кард.

Баъди дарёфти хабари ин худкушӣ наҷотдиҳандагони кӯҳии бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса расиданд ва баъди ним соати розандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ин ду ҷасадро тақрибан 30 метр дуртар аз макони ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Норак супурданд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон бо исрор аз аҳолӣ хоҳиш мекунад нисбат ба пайвандону хешон бамуҳаббат бошанд.

Ҳаёти худ ва атрофиён ва наздиконатонро азиз доред!

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

барчасп: