Ду хабар, ду фоҷеа. Худкушии як ҷавони 29-сола дар Сурхоб. Ҳалокати як бонуи 20-сола дар Язгулом

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 7уми августи соли равон, соати 13:30 дақиқа, як бонуи бистсола, сокини деҳаи Мотравн, ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, ки дар дарёи Язгулом оббозӣ мекард, дар об ғарқ шуд.

Гурӯҳи ихтиёрии наҷотдиҳандагон баъди ҷустуҷӯҳои зиёд тақрибан соати 14:35 дақиқа ҷасади ӯро поинтар аз Дашти Язгулом пайдо ва ба пайвандонаш супурданд.

Сабаби ин фоҷеа надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва беэҳтиётӣ гуфта шудааст.  

Рӯзи 6 августи соли равон як ҷавони 29-сола худро дар дарёи Сурғоб ғарқ кард. Ин ҳодиса бегоҳии рӯзи ёдшуда дар пули Сари Пули деҳаи Сайрон рух додааст ва ин ҷавон худро аз болои ин пул ба дарёи Сурхоб андохтааст. Гуфта мешавад, ки марҳум аслан сокини ҷамоати Нушор будааст ва дар натиҷаи як муноқишаи хонаводагӣ даст ба худкушӣ задааст. 

Корҳои ҷустуҷӯӣ муддати ду рӯз идома доштанд ва дирӯз соати 11:13 дақиқа Дастаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҷасади ӯро 12 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба хешоандонаш супурданд. 

барчасп: