Бино ба маълумоти сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт шоми рӯзи 28 июли соли 2020 як сокини деҳаи Навдии ноҳияи Рашт ба кадом сабаби номаълум худро дар дарёи Сурхоб ғарқ кард. Ин манбаъ мегӯяд марҳум оиладор ва соҳиби се фарзанд буду 36 сол дошт.
Субҳи рӯзи 29-уми июл, соати 07:00 дастаи зудамали наҷои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҷасади ғарқшударо аз мавзеи Бини Бодоми ҷамоати деҳоти Н.Махсум, тахминан 15 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорид.
Сабаби худкушӣ маълум нест.
*** *** ***
Дар ҳамин ҳол аз Норак хабари ғарқи об шудани як ноболиғ, сокини маҳаллаи Санги Бораи ин шаҳр мерасад. Бино ба маълумоти Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак ин ҳодиса нисфирӯзии 27-уми июл дар мавзеъи Электрони дарёи Вахш рух додааст.
Номбурда 13 сол доштааст ва сабаби марги ӯ беназоратии волидон ва надонистани қоидаҳои оббозӣ гуфта шудааст. Ҷасади ӯро ғаввосони дастаи наҷоти КҲФ аз мавзеи корхонаи оҳану қири шаҳри Норак пайдо ва ба хешовандонаш супурданд.
*** *** ***
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе бошад, аз пайдо шудани ҷасади як зани тахминан 30-сола хабар дод. Манбеъ гуфт, ки ҷасадро рӯзи 29 июли соли 2020, соати 15:31 Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе аз соҳили дарёи Душанбе, наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз об берун овард ва ба кормандони ШКД ноҳияи Синои пойтахт супурд.
Шахсияти ҷасад маълум нашудааст.
*** *** ***
Як сокини 32-солаи деҳаи Чаманорои ноҳияи Шаҳринав низ ҳангоми оббозӣ дар канали Ғулғулаи ин деҳа ғарқ шудааст. Наздиконаш гуфтаанд, ки марҳум гиифтори бемории рӯҳӣ буд.
Ҷасади ӯ як рӯз пас, соати 11:07 дар масофаи 1500 дуртар аз маконе, ки ғарқ шуда буд, пайдо ва ба наздиконаш супурда шуд.