Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз наҷоти духтари 19-солае хабар дода, ки мехост даст ба худкушӣ занад. Ин духтар сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст ва мехостааст аз болои пули Исмоили Сомонӣ худро ба зер афканад ва худкушӣ кунад.
Дар суҳбат бо кормандони Раёсат сабаби қасди худкушӣ кардани худро муноқишаи оилавӣ гуфтааст. Аммо ҷузъиёти бештареро аз ин муноқиша шарҳ надодааст.
Раёсати Кумита дар вилояти Суғд мегӯяд ин 5-умин ҳодисаи қасди худкушӣ аз аввал сол аст. 3 нафари онҳо сокинони шаҳри Хуҷанд, ки яке ноболиғи 12-сола буд, як нафар сокини шаҳри Бӯстон ва охирини онҳо ҳамин ҷавонзан аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки ҷонаш аз марг наҷот дода шуд.
ХАБАРҲОИ ДИГАРРО АЗ ИН ҶО БИХОНЕД: