28 августи соли 2020 барои ғаввосон ва наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дарси амалӣ дар об баргузор шуд.
Дар ҷараёни тамрин ҳамаи зинаҳои баргузории корҳои садамавиву наҷот машқ шуданд: аз ҷумла расидани наҷотдиҳандагон ба макони ҳодиса, пӯшидани сару либоси ғаввосӣ, вориди об шудан ва талош барои наҷоти ғарқшудаи шартӣ.
Дар тамрин мини-стансияи ғаввосии вокуниши сареъ истифода шуд. Ин мини-стансия алоқаи дуҷониба бо ғаввосон ҳангоми корро таъмин мекунад ва имкон медиҳад иттилои сареъ ва дақиқро дар мавриди рӯйдодҳои зери об сари вақт дарёфт кунанд ва дар ҳоли пеш омадани ҳодисаи пешгӯинашаванда ба ғаввос ёрии амалӣ расонанд.
Ғаввосони КҲФ ҳамзамон иҷрои амалиётҳои зиёди муҳандисиву техникӣ, наҷотдиҳиву интиқолӣ ва ғайраро тамрин карданд ва омӯхтанд.