Бо мақсади дар байни аҳолӣ паҳн намудани натиҷаҳои назаррасу касби пурмасъулияти ҳайати шахсии Раёсат, баланд бардоштани нуфузи Кумита дар байни мақомоти дигар, баланд бардоштан руҳияи хизматчиён, дар байни ҷомеа бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вобаста ба ҳавасмандгардонии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, шинос намудани онҳо бо ҳаёти низомиён дар ҳамкорӣ бо Ширкати телевизион ва радиои «Симои мустақили-1» оид ба ҳаёт ва фаъолияти хизматчиён бо иштироки афсарони болаёқат ва собиқадори Раёсат подполковник Асадулло Ҳувайдуллоев дар барномаи «Печутоби замон» дар мавзўи «Касби ман наҷотбахшист!» ширкат намуданд.
Дар барнома баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонон, ки дар остонаи интихоби касб қарор доранд, тавсияҳо дода шуд, инчунин дар рўҳияи Ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия намудани онҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда шуд.
Ба бинандагон шарту шароити хизматчиён, фаъолияти кории онҳо, дирӯзу имрӯзи Раёсат аз нигоҳи собиқадори соҳа, масъулияти хизматчии низомӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мақому манзалати шахси ҳарбӣ дар ҷомеа, нигоҳи халқ, таваҷҷўҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ нисбати наҷотдиҳандагон фаҳмонида шуд.
Шоҳзодахон Бутаева