Рӯзи 26.08.2020 тахминан соати 15:07 дақиқа, дар километри 118 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ноҳияи Айнӣ, дар мавзеъи пули Чоре садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенз”, ки ба як сокини 50-солаи ҷамоати деҳоти Айнӣ деҳаи Зосун мутааллиқ буд, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе дучори садама шуд.
Бино ба гузориши расида ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва мошин ба умқи тақрибан 20 метр фурӯ рафтааст.
Дар ин садама ронанда ба ҳалокат расида, ду мусофири он, ки яке 41-сола ва дуюмӣ 30 сол доштааст, захмӣ шудаанд.
Баъди дарёфти хабари садама Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, 2 нафар мусофирони ҷароҳатбардоштаро аз дохили автомашина бароварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол доданд.
Ҷасади ронанда низ ба хешовандонаш супурда шуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои садамаро таҳқиқ мекунанд.