Як ҳайат аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо сарварии профессор Александ Семёнов, мутахассис оид ба бемориҳои сироятии ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Абдулаҳад Сафаров, ки онҳоро муовини сардори Раёсати тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати тиббӣ Тоҳиров Ҳ. раҳнамоӣ мекард, дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҳолати омодабошии нуқтаи тиббии Раёсат барои қабули ҳайати шахсӣ бо бемориҳои сироятӣ, таъминоти таҷҳизотҳо ва лавозимотҳои тиббиро санҷиданд.
Сипас, дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо роҳбарии муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Анвар Қосимов бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мулоқот баргузор шуд.
Дар рафти мулоқот оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар байни ҳайати шахсӣ, чорабиниҳое, ки баҳри пешгирии интиқол ва паҳн нагардидани сирояти бемории коронавирус COVID-19 аз ҷониби Роҳбарияти Раёсат ба роҳ монда шуда, чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби шахсони масъули Раёсат ташкил ва гузаронида шуда истодаанд, сухан рафт.
Дар охири чорабинӣ профессор Александр Семёнов миннатдории худро ба Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати вилоят ҷиҳати корҳои ба сомон расонида шуда, дар самти мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус баён намуда, ба нуқтаи тиббии Раёсат 10 адад дастгоҳи оксигенератор супурд.
Шаҳзодахон Бутаева