Бо мақсади иҷрои дастури Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода “Дар бораи чораҳои аввалдараҷаи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод” аз 5 августи соли 2020 ба 26 оилае, ки аз заминларзаи рӯзи 4 август қисман зарар дида буданд, бо техникаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳукумати кишвар маводи сохтмонӣ равона карда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корие барои ба осебдидагони ноҳияи Тоҷикобод расонидани ёрӣ ташкил намуд, ки ба он сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, полконик Ҷамшед Камолов сарварӣ мекард.
Ин кумакҳо аз 78 тонна семент, 10,4 тонна арматура, 1690 адад бомпӯши металӣ ва 78 метри мукааб чӯбу тахта иборат буд. Бо иштироки Комиссияи ноҳиявӣ таҳти сарварии муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Бахтиёр Ҳақназаров ба ҳамаи оилаҳои осебдида дар ин заминларза ин кумакҳо тақсим карда шудан.
Ғайр аз ин бар асоси дастури Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ба ҳамаи ин оилаҳо ба маблағи умумии 25 ҳазору 850 сомонӣ кумаки яквақтаи молӣ аз фонди хароҷотҳои эҳтиётии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд.