Прапоршик Ҳабиба Холова 14 январи соли 1984 таввалуд шудааст. Зодаи Ҷамоати деҳоти Зарагар деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Кўшониён мебошад. Соли 2001 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 -и ноҳияи Кўшониёнро ба итмом расонида, соли 2006 Колеҷи тиббии шаҳри Бохтарро хатм намудааст.
Аз соли 2012 то ин ҷониб дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар вазифаи Дастурдиҳандаи тиббии гурӯҳи 3-юми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон кору фаъолият мекунад.
Бо медали 25 солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, Инчунин бо ифтихорномаҳои Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон қадрдони карда шудааст.
Рӯзи 18 августи соли 2020 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Холова ҳабибаро барои комёбиҳои меҳнатӣ, фаъолияти фидокорона, эҳсону шафқат, муваффақият дар ҳифзи саломатии аҳолӣ бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.
Ҳамкорамонро муборакбод мекунем ва барояш беҳтарин хушиҳои оламро таманно дорем.
Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 18-уми августи соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо кормандони соҳаи тандурустӣ зумрае аз табибону кормандони соҳаро бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда буданд, ки қатори дигарон ду корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буданд.
Подполковник Саъдулло Шарипов – сардори Раёсати тиббии КҲФ бо медали “Шафқат” ва корманди тиббӣ аз дастаи наҷоти КҲФ дар вилояти Хатлон Ҳабиба Холова Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Мурод Муйдинов