“Фармондеҳи даста Шуҳрат Сафаров, ки аз наҷотбахшони бомаҳорат аст, дар ҷумҳуриҳои Белоруссия, Қазоқистон, Чин ва Қирғизистон низ такмили ихтисос ва бозомӯзӣ намуда, соҳиби даҳҳо сертификат ва медалу ифтихорнома мебошад. Дар дохили ҷумҳурӣ бошад ӯ ва дигар ғаввосон дар обанбори «Норак» ва «Баҳри тоҷик» таҷриба омӯхта, соҳиби сертификат мешаванд. Феълан ғаввосони даста то чуқурии 27 метр иҷозатнома доранд.
Баробари оғози фасли гармо ва мавсими шиноварӣ ташвишҳои онҳо аз ҳарвақта бештар мешавад. Ҳарчанд дар баҳору зимистон низ кори онҳо сангину хатарнок аст. Зеро фаъолияти онҳо аз наҷоти ҳаёти одамон ва интиқоли мардум аз ҷойи ҳодиса ба минтақаи бехавф иборат аст...”
Ин чанд ҷумла аз як лавҳаи нашрияи “Ҷумҳурият” иқтибос шуд. Мақола дар бораи наҷотдиҳандаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Шуҳрат Сафаров мебошад ва аз фаъолиятҳои хизматии ӯ ҳикоят мекунад.
Асли ин мақоларо ин ҷо метавонед бихонед: НАҶОТБАХШ
О.Фахриддинзода