Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуд.
Дар ҷараёни ин дидор Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ҳозиронро ба Рӯзи кормандони тибб табрик намуданд, вазъи соҳаро таҳлил карданд ва дар назди онҳо вазифаҳои нав гузоштанд.
Ҳамчунин дар доираи ин мулоқот Пешвои миллат як зумра кормандони соҳаи тандурустиро бо мукофотҳои давлатӣ қадр карданд.
Дар қатори дигарон подполковник Саъдулло Шарипов – сардори Раёсати тиббии КҲФ бо медали “Шафқат” ва корманди тиббӣ аз дастаи наҷоти КҲФ дар вилояти Хатлон Ҳабиба Холова Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ҳамкорони табибамонро ба муносибати иди касбашон ва ҷоизаҳои давлатӣ муборакбод мекунем!