Изҳори сипоси Пешвои миллат ба табибоне, ки бо КОВИД-19 дастбагиребон буданду ҳастанд

Зимни таҳлили фаъолияти муассисаҳои тандурустии кишвар ва мушкилоти соҳа имрӯз дар мулоқот бо кормандони тибб Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми табибон ба мубориза бо коронавирус КОВИД-19 низ ҳарф заданд ва ба ҳамаи онҳое, ки ҳатто моҳҳо аз ҷойи кор берун нарафта ба муолиҷаи гирифторон машғул буданд, изҳори испос карданд. Пешвои миллат аз ҷумла гуфтанд:

Соли равон барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирус, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон ва давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа ба шумор меравад.

Ин бемории хатарнок, ки дар як муддати кӯтоҳ бошиддат дар олам паҳн шуда, 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, дар кишвари мо низ пайдо гардид.

Мо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ вазъи дар ҷаҳон баамаломадаро таҳлил намуда, барои пешгирӣ кардани паҳншавии он ҳамаи тадбирҳои фавриро андешидем ва корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ба роҳ мондем.

То 17-уми августи соли ҷорӣ дар ҷаҳон зиёда аз 21 миллион нафар одамон ба ин беморӣ мубтало шуда, 756 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Қобили зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии кишварамон аз паҳншавии босуръати пандемия наҳаросида, онро мисли дигар бемориҳои сироятӣ қабул карданд ва аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро оғоз карданд. Ба ин кори хайр ҳатто собиқадорону нафақахӯрони соҳа бо амри виҷдон ҳамроҳ шуданд.

Онҳо шабонарӯзӣ дар ҷойи кори худ истода, тамоми қувва, дониш ва таҷрибаашонро сафарбар сохтанд ва ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз чанголи марг раҳо бахшиданд. Махсусан, табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд.

Баъзе табибон ва ҳамшираҳои шафқат ҳатто се-чор моҳ аз ҷойи кори худ берун нарафтанд, худашон бемор шуданд, табобат гирифтанд ва боз корашонро идома доданд. Ва имрӯз ҳам фаъолияти худро содиқона идома дода истодаанд. Аҳсан ба онҳо!

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва махсусан, ба табибону ҳамшираҳои шавқат, ки дар он рӯзҳои вазнин матонату ҷасорат нишон доданд, аз номи Ҳукумати мамлакат самимона сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон саломатӣ ва барори кор мехоҳам.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани чораҳои фаврӣ, таблиғоту фаҳмондадиҳӣ, безараргардонии маҳалҳои зист, хонаҳои истиқомативу муассисаҳои иҷтимоӣ, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, инчунин, пешбурди омори шахсони бемор дар тамоми қаламрави мамлакат пеши роҳи паҳншавии беморӣ то андозае гирифта шуд.

Дар ин раванд, дар шаҳру ноҳияҳо барои қабул ва табобати беморон ҷойҳои иловагӣ таъсис дода, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуданд.

Танҳо дар шаҳри Душанбе дар як муддати кӯтоҳ 5000 ҷойи иловагӣ омода карда шуд.

Дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои калон низ чунин ҷойҳои иловагӣ омода гардиданд.

Бо мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо амри Президенти мамлакат аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расид.

Ҳамзамон бо ин, барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани беморхонаҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо карда, сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ расонида шуд.

Дар баробари ин, бо мақсади мубориза ба муқобили коронавирус суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуд.

То ба имрӯз аз ин суратҳисоб беш аз 4 миллион сомонӣ барои харидории доруворӣ ва таҷҳизот сарф гардидааст.

Бар замми ин, аз ҳисоби буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 13,4 миллион сомонӣ доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ харидорӣ шудааст.

Ҳамчунин, соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва ширкатҳои хусусӣ низ аз ҳисоби корхонаҳои худ барои беморхонаҳо маводи ғизоӣ, либоси махсус, ниқоб, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карданд.

Дар ин давра 60 корхона бо истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва 20 корхона ба истеҳсоли либоси махсуси муҳофизатӣ машғул шуда, то 15 августи соли 2020 зиёда аз 10 миллион дона ниқоби тиббӣ ва 56 ҳазор либоси махсуси тиббӣ истеҳсол намуданд.

Инчунин, ҳоло дар кишвар 15 корхона ба истеҳсоли маводи безараргардонӣ ва беҳдоштӣ машғул мебошад.

Бинобар ин, ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон ва шахсони ҳимматбаланде, ки дар рӯзҳои сангини бемории сироятӣ соҳаи тандурустиро дастгирӣ карданд, ба табибону ҳамшираҳои шафқат кумак намуданд, ба суратҳисоби махсус маблағ гузарониданд ва дар паст кардани шиддати ин беморӣ ёрмандӣ расониданд, изҳори сипос карда, ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ ва комёбӣ орзу менамоям.

Дар ин давра аз кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ низ ба маблағи қариб 34 миллион сомонӣ кумакҳои башардӯстона расиданд, ки ба онҳо барои ёрии саривақтӣ изҳори ташаккур мекунам.

Ҳозирини гиромӣ!

Пандемияи КОВИД-19 ба иқтисодиёти ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо низ таъсири манфӣ расонид ва таъсири он ҳанӯз идома дорад.

Суръати рушд ва нишондиҳандаҳои иқтисодии ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон бо сабаби карантин ва дигар чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус коҳиш ёфтанд.

Аз ин сабаб, дар баробари буҳрони амиқи иқтисодиву молиявӣ ва бекории шадиду камбизоатӣ ба инсоният хатари норасоии озуқаворӣ ва болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, алалхусус, маводи ғизоӣ таҳдид менамояд.

Дар чунин шароит, Ҳукумати Тоҷикистон барои паст намудани таъсири омилҳои буҳронӣ ба иқтисодиёти кишвар як силсила тадбирҳои таъхирнопазир андешид.

Натиҷаи онҳоро имрӯз дар фаровонии маҳсулот дар бозорҳои кишвар ва устувориву дастрасии нархҳо дидан мумкин аст.

Дар баробари ин, як масъалаи муҳимро таъкид кардан мехоҳам.

Таҷриба нишон дод, ки дар соҳаи тандурустӣ баъзе бахшҳо осебпазир буда, барои пешрафти онҳо бояд корҳои бештар анҷом дода шаванд.

барчасп: