Генерал Рустам Назарзода дар “Ховар”: Бе робитаи қавӣ бо сокинон мо наметавонем ба муваффақият ноил гардем

Дар остонаи 26-умин солгарди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии иттилоотии “Ховар” суҳбатеро бо сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода анҷом дод. Сарвари КҲФ аз ҷумла гуфтааст, ки байни Кумита ва аҳолӣ ҳамкории  хуб ба роҳ монда шудааст, зеро  бе  робитаи қавӣ бо сиконон мо наметавонем дар танҳоӣ ба муваффақият ноил гардем. Барои мисол,  ҳангоми қабул намудани огоҳиномаҳо аз Агентии обу ҳавошиносӣ ба таври фаврӣ аз ҷониби Кумита тамоми зинаҳои Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи мамлакат бо барқияи фаврӣ огоҳонида мешаванд. Ҳамчунин дар сомонаи расмии Кумита ва тариқи ВАО огоҳиномаҳо пахш карда мешаванд.

Имсол ба рақами фаврии кӯтоҳи «112»  зиёда аз 12000 нафар муроҷиат кардаанд. Аз ҷумла, 286 маротиба вобаста ба масъалаҳои сирояти коронавирус.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба шаҳрвандон тавсия медиҳам, ки ҳангоми зарурат ва ба амал омадани офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои нохуш бо телефон  ба рқами  112 муроҷиат намоянд ва ба онҳо  аз ҷониби Кумита кумаки зарурӣ расонида мешавад.

Зимнан, ҳамаи ҳамкасбони худро бо иди касбиашон муборак намуда, ба онҳо тансиҳативу барор  таманно дорам.

Бо матни комили мусоҳиба ин ҷо шинос шавед: Рустам Назарзода: Ҳамкории КҲФ бо аҳолӣ хуб ба роҳ монда шудааст, зеро бе робитаи қавӣ бо сокинон мо наметавонем ба муваффақият ноил гардем.

барчасп: