Ҳалокати як дучархарони 14-сола дар Лахш

Намедонам ин чандумин марги ноболиғон дар обҳои кишвар зарфи даҳ рӯзи охир бошад. Чандин хабари ин фавтҳои фоҷеавиро расонаӣ ҳам накардем, чун хеле зиёд шуданду қалбҳоро фишор медоданд. Аммо боз ҳам намешавад аз ҳамаи ин хабарҳо ҷашм пӯшид, хоса аз ин хабар, ки  дучархасавори чаҳордаҳсола дар дарё ғарқ шудаву волидон ва пайвандонро дар мотам нишондааст. Ин ҳодиса рӯзи гузашта, 10-уми август рух додааст.

Рӯзи 10 августи соли 2020 тахминан соатҳои 13:00 дақиқа  сокини 14-солаи дењаи Қарасойи ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш  бо дучарха дар поёнии деҳаи Қарасой ба дарёи «Қизилсӯ» сарозер мешавад.

Дар гирду атрофаш касе набудааст, ки ба ёрии ӯ шитобад ва дар натиҷа ба ҳалокат мерасад. Ҷасади ӯро аз мавзеъи «Мирзоқиштов» ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш падо карданд ва ба волидонаш супурданд.

Сабаби марги фоҷеавии наврас беэҳтиётӣ номида шудааст.

барчасп: