Крани борбардор сабабгори хароб шудани болопӯши боми хонаи сокинон шуд. Аз ду корманди захмии ширкати сохтмонӣ яке фавтид (Навшуда)

Бегоҳии рӯзи 8 августи соли 2020 тақрибан соатҳои 19:45 дақиқа дар кӯчаи Сурхоби шаҳри Душанбе як крани борбардор, ки ба ширкати «Хиштрез» мутааллиқ будааст, чаппа шуда, болопӯши чанд бинои истиқоматиро хароб кардааст.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бар асари ин ҳодиса 2 корманди ширкати ёдшуда, ки яке 22 ва дуюмӣ 23 сол доштаанд, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Яке аз онҳо ҳангоми ба бемористон бурдан дар роҳ фавтид. Дуюмӣ аввал дар бемористони Қаряи Боло бистарӣ шуд ва баъдан ӯро ба бемористон рақами 3 пойтахт интиқол доданд.

Худи ҳамон рӯз хатари таъсири ин садама ба хонаҳои дигари шаҳрвандон бартараф карда шуд.

Мақомот сабабҳои чаппа шудани крани борбардор ва мизони зарари расида ба сокинонро барарсӣ мекунанд. 

О.Фахриддинзода