Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо дар ҳамаи гӯшаву канори кишварамон чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вусъати тоза мегирад. Мақомоти иҷороияи ҳокимияти давлатии вилоят ва масъулони сохторҳои давлатӣ ба хотири коҳиш додани сатҳи беморӣ бевоситаи дар маҳаллаҳо бо сокинон мулоқотҳо доир менамоянд.
Аммо воқеъияти ҳол нишон медиҳад, ки як андоза шаҳрвандон бемасъулиятиву фориғболиро пеша кардаанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он ҳушдор додааст, ки мавҷи дуюми беморӣ шадидан ба иқтисодиёти кишварҳо зарба зада, шумораи фавтидагон ба маротиб зиёд гардида истодааст. Хушбахтона, сатҳи сироятёбӣ ба ин беморӣ дар қиёс бо дигар ҳамсоякишварҳо дар кишвари мо кам аст. Аммо ин маънии онро надорад, ки мо хотирҷамъ бошем. Сокинон бояд амиқан дарк намоянд, ки яке аз василаҳои эмин мондан аз беморӣ ин риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бо худ доштани ниқобҳои ҳимоявӣ, риояи фосилаи иҷтимои, ҳифз намудани худ ва атрофиён мебошад.
Шӯрои занони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо намояндагони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Раёсати кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати кор бо ҷавонони вилоят дар минтақаҳои шаҳри Хуҷанд, ки бештари аҳолӣ ҷамъ мешаванд, бо сокинон доири пешгирӣ ва мубориза ба ин беморӣ мулоқот анҷом дода, зарурати риояи қоидаҳои беҳдоштиро бо мисолҳои возеҳ фаҳмониданд.
Зимни мулоқотҳо таъкид шуд, ки солимии ҷисму руҳи инсон аз худаш вобастагии калон дорад. Танҳо шаҳрвандонро мебояд, ки зимни баромадан ба кӯчаҳо бояд ниқобҳои ҳимоявиро истифода баранд. Ҳаёти худ ва наздикони худро эҳтиёт кунанд. Ҳамчунин дар рафти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ниқобҳои тиббӣ, китобчаҳои иттилоотӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва наздикон, қоидаҳои шиноварӣ дар об тақсим карда шуд.
Шаҳзодахон Бутаева