Субҳи имрӯз, 7уми август тахминан соати 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи Рудакӣ 106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст. Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд.
Дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200) рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз» бармехӯрад.
Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.
Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.
Аз сари субҳ шабакаҳои иҷтимоӣ саропо ғарқи хабари даргузашти фоҷеабори Баҳром Ғафурианд. Ин сарояндаи мумтоз бо таронаҳои дилошӯбу сабку услуби хоси хониш миёни ҳаводоронаш маъруфияти хоса касб карда буд.
Илова ба ёдоварӣ аз ҳунари сарояндагии Баҳром Ғафурӣ дар шабакаҳо дар бораи хоксориву фурӯтании ӯ менависанд.
Баҳром Ғафурӣ аз ҷумлаи сарояндагони ҷавони маънисаро буд. Ҳар таронаи худро талош мекард бар пояи шеърҳои пурмазмун тартиб диҳад. Ин аст, ки дар сурудаҳои вай таронаҳои холӣ аз мазмуну оҳангҳои дур аз касбият дида намешавад.
Хонаи охираташ обод бошад!
Расмҳо аз ҷойи ҳодиса.
Муаллиф: Озод Фахриддинзода