Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз ҷониби кормандони Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар мавзеъҳои истироҳатии Сайёд, Баҳористон ва Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, ки бештари аҳолӣ дар минтақаҳои мазкур машғули истироҳат мешаванд, аксия оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-19) баргузор шуд.
Ҳамзамон бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши ғарқ шудани шаҳрвандон дар обҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҳандозӣ гардид. Ба истироҳаткунандагон дар бораи бехатарӣ дар соҳилҳо, қоидаҳои шиноварӣ ва расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба осебдидагон нақл карданд ва ба онҳо китобчаву варақаҳои беҳдоштиву таблиғотӣ тақсим намуданд.
Шаҳзодахон Бутаева