Зарфи ду рӯз танҳо дар ноҳияи Синои пойтахти кишвар аз баста шудани се дар хабар дода шуд, ки дар мавриде аз он тифли дусола паси дар тани танҳо монда буд. Ҳодисаҳое назири дарҳои баста дар сурати аксулаламли фаврӣ сурат нагирифтан метавонанд ба фоҷеа анҷоманд. Аз ин рӯ бо дарёфти хабар кормандони наҷот фавран ба ҷойи ҳодиса мерасанд ва ба соҳибхона барои боз кардани дар ёрӣ мерасонанд.
Ҳамин гуна хабар бегоҳии рӯзи 31-уми июл аз сокини кӯчаи Нахимов расид ва имдодгарон фаврӣ ба макони ҳодиса расида, дари ӯро низ боз карданд.
Ҳамчунин ҳамин бегоҳӣ имдодгарон бо даъвати сокини кӯчаи Маяковский дар хонаи ӯро ҳам боз карданд. Номбурда берун рафтаву калидро дар хона фаромӯш карда буд.
Шояд ҳеч хабаре дар ин ду-се рӯзи охир барои Раёсати Душанбе пуризтиробтар аз хабари дар хона мондани тифли дусолаву беруни дар мондани волидонаш набуд. Ин ҳолест, ки метавонад дар сурати таъхир ба нохӯшӣ наҷомад.
Хабар соати 19:21 дақиқа расид ва имдодгарон фавран ба маҳаллӣ ҳодиса худро расонданд ва соати 19:55 дақиқа бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари хонаи шаҳрвандро боз карданд ва Амалияи дусоларо солим ба волидонаш расонданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани иназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли сокинони кишвар ва меҳмонон хоҳиш мекунад ҳангоми аз манзили истиқомати берун шуданд, хеле бадиққат бошанд. дар хона мондани тифлакони маъсум метавонад сабаби ҳодисаҳои нохуш шавад.