Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ баргузор гардид. Ин тамрин рӯзи 28-уми июли соли равон бар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2020 ва қарори Раиси ноҳия "Оид ба корҳои пешгирикунанда" ва Амри раиси ноҳияи Б.Ғафуров "Оид ба гузаронидани машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ" дар ҷамоати деҳоти Ёва дар мавзӯи "Амали роҳбарикунанда ва нерӯҳои ғайриҳарбии ҷамоат дар бартатарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавулодда" доир шуд.
Барои машқи тактикӣ сойи Хоҷа-Боқирғон интихоб шуд ва ҳамзамон дар ин мавзеъ як силсила корҳои соҳилбандӣ ҷиҳати пегирӣ аз паёмадҳои эҳтимолии ҳолати табиӣ роҳандозӣ шуд.
Маврид ба зикр аст, ки сойи "Хоҷа-Бакирғон" 20 км дарозӣ дошта, аз дохили ҷамоатҳои Овчикалъача, Исфисор ва Ёва мегузарад.
Чорабинии мазкур бо истифода аз 5 адад техникаҳои муҳандисии Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Раҳмон Набиев ва Корхонаи давлатии коммуналии хоҷагии манзилию коммуналии "Сафо" гузаронида шуд.
Шаҳзодахон Бутаева