Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интишори наворҳои омӯзишии видеоӣ, ки ба дарки дурусти қоидаҳои бехатарии фардӣ ва ҷомеа аз хатари короновирус мусоидат менамоянд, идома медиҳад. Ин наворҳо бидуни шак беҳтарин василае мебошанд, ки риояи қоидаҳои бехатариро таблиғ мекунанд ва риояи онҳо хатари сироят ба ин вируси кушандаро коҳиш медиҳад.
Навори видеоии мазкур, ки ҳоло тамошо мекунед, дар бораи нишонаҳои аввалияи короновирус ҳикоят мекунад ва дастур медиҳад, ки дар сурати ошкор шудани ин нишонаҳо бояд ба куҷо муроҷиат кард.
Ин навори видеоиро ҳамкасбони мо аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо ширкати Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) омода кардаанд.